Октябр 01, 2022 21:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 45 ҳазор намозгузор дар Масҷидулақсо
    Ҳузури 45 ҳазор намозгузор дар Масҷидулақсо

Идораи авқофи исломӣ дар Қудс эълом кард 45 ҳазор намозгузори фаластинӣ аз сокинони Қудси ишғоли, Каронаи Бохтари руди Урдун ва сарзаминҳои ишғолии Фаластин намози ҷумъаи ин ҳафтаро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии Алаҳд манобеъи маҳаллии Фаластин эъълом карданд бо вуҷуди тадобири амниятии шадид ва эъмоли маҳдудиятҳо аз ҷониби низомиёни ишғолгари саҳюнист дар атрофи бахши қадимии шаҳри Қудс ва Масҷидулақсо ва ҳамчунин юриш ба мусалоҳи Алмарвонӣ 45 ҳазор фаластинӣ намози ҷумъаи ин ҳафтаро дар ин масҷиди муқаддас иқома карданд.

Низомиёни ишғолгар ҳамчунин маҳдудиятҳои барои вуруди мардум ба дохили масҷид эъмол карданд ва ба имдодгарон иҷоза надоданд таҷҳизоти кумакҳои аввалияро бо худ вориди масҷид кунанд.

Ин дар ҳоле аст ки ҳазорон шаҳрванди фаластинӣ бо вуҷуди монеъҳо ва маҳдудиятҳое, ки низомиёни ишғолгари Қудс дар кучаҳои бахши қадимии шаҳри Қудс эҷод карда буданд дар посух ба фарохони ниҳодҳои динии Қудс барои вуруди густарда ба Масҷидул Ақсо намози субҳро дар ин масҷид иқома карданд.

Дар ҳамин ҳол шайх Муҳаммад Саранд хатиби Масҷидулақсо аз истиқомат ва пойдории мудофеъони Масҷидул Ақсо таҷлил ва таъкид кард: Ҳар қадаре, ки маҳдудиятҳо ташдид шавад ва ҳар иттифоқи ҳам биуфтад сокинони Қудс ба аҳду паймони худ вафодор мемонанд.

Ҳамчунин намозгузорони фаластинӣ пас аз иқомаи намози зуҳр таҷамуъи  барои ҳамбастагӣ бо сокинони Ҷанин, Нобелс, Ғаза ва Масҷидулақсо барпо карданд ва дар ин таҷамауъ парчами Фаластинро барафроштанд ва шиъорҳои дар ҳимоят аз фаласиниҳо ва Масҷидулақсо сардоданд.