Тадобири Давҳа барои таъмини амнияти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол
Як мақоми амниятии қатарӣ ба охирин тадобири амниятии иттихозшуда барои баргузории амни Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2022 дар ин кишвар ишора кард ва аз омӯзиши 49 ҳазор нафар дар ин замина хабар дод.
Ҷоми Ҷаҳонии Футбол - 2022 бистудуюмин давраи ҷоми ҷаҳонӣ аст, ки аз 21 ноябр то 18 декабри 2022 (30 обон то 27 озар 1401) дар кишвари Қатар баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории «Алҷазира», шайх Халифа бин Ҳамд оли Сонӣ, фармондеҳи амалиёти амнияти Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар рӯзи ҷумъа гуфт, Кумитаи амалиёти амнияти мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонӣ рӯйи расидан ба авҷи омодагӣ барои таъмини амнияти ин мусобиқот дар сутуҳи мухталиф таъкид дорад.
Шайх Халифа таъкид кард, бо баргузории барномаҳову давраҳои омӯзишии мухталиф ба дунболи боло бурдани потенсиали кадри бештаре дар ҷараёни ин мусобиқот ҳастем.
Фармондеҳи амалиёти таъмини амнияти Ҷоми Ҷаҳонии Қатар эълом кард, ин барномаҳо шомили барномаҳои омӯзишӣ дар заминаҳои таъмини амнияти варзишгоҳҳо, эҷоди эҳсоси амният, мудирияти таҷаммуот, ҳуқуқи башар, кумакҳои фаврӣ ва ҳамкорӣ бо тамошогарон мешавад ва дар иҷрои ин барномаҳо аз коршиносоне аз полиси Аврупо ва созмони Интерпол кумак гирифта шудааст.