Декабр 20, 2022 17:25 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Поёни Ҷоми ҷаҳонии Қатар ва абъоди ғайриварзишии он

Ҷоми ҷаҳонии Қатар бо қаҳрамонии тими милли Аргентина поён ёфт, аммо ба ин ҷом набояд сирфан нигоҳ варзишӣ дошт. Абъоди сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Ҷоми ҷаҳонӣ низ аҳаммияти зиёде дошт.

Қатар кӯчактарин кишваре аст, ки токунун Ҷоми ҷаҳонии футболро баргузор кард. Аз қазо ин кишвар дар баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ, муваффақ амал кард. Баргузории Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар нишон дод, ки кишварҳои кӯчак бо иқдомҳои ин чунини метавонанд номи худро дар ҷаҳон барҷаста карда ва барои худ тавлиди амният кунанд.

Аз сӯи дигар, баргузории муваффақи Ҷоми ҷаҳонӣ дар Қатар бидуни кӯчактарин мушкили амнияти собит кард, минтақа Ғарби Осиё онгуна, ки дар расонаҳои дунё таблиғ мешавад, тамоман ошӯб ва ҳарҷу марҷ нест, балки минтақае рӯ ба рушд аст. Дар воқеъ, Ҷоми ҷаҳонии Қатар собит кард, ноамнӣ ва ҳарҷу марҷ дар минтақаи Ғарби Осиё маълули сиёсати қудратҳои бузург аст ва замоне, ки монанди Ҷоми ҷаҳонӣ, қудратҳои бузург дахолат надошта бошанд, ин минтақа камтар шоҳиди ноамнӣ ва ҳарҷу марҷ хоҳад буд. Ҳамчунин Ҷоми ҷаҳони 2022 Қатар нишон дод, кишварҳои исломӣ метавонанд дар сояи мудоро дар қиболи ҳам дар масири ҳамкорӣ гом бар доранд ва аз танишҳои минтақаӣ бикоҳанд.

Мавзӯи баъдӣ ин аст, ки баргузории Ҷоми ҷаҳони 2022 дар як кишвари исломӣ собит кард бар хилофи таблиғоти густурдае, ки расонаҳои Ғарб алайҳи дини Ислом анҷом медиҳанд, Ислом дини меҳрубонӣ ва ҳамзистии мусоламатомез аст. Ислом бо ҳар гуна хушунат ва террор бегона аст ва касоне, ки ба номи Ислом муртакиби чунин ҷиноятҳои мешаванд, исломро дарк накарда ва намояндаи ҷаҳони Ислом нестанд. Ислом воқеӣ ва ростин, исломи меҳрубон аст, ки бар ҳамзистии мусоламатомези ҳамаи шаҳрвандони кишварҳо фориғ аз дин ва қавмият таъкид дорад. Дар ҳамин росто, Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон, имрӯз душанбе дар ҳошияи нишасти сеюми маҷмааи гуфтугӯи Теҳрон дар дидори Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал Халифӣ, муовини вазири умури хориҷаи Қатар дар умури минтақаӣ, баргузории муваффақиятомези бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатарро мояи ифтихори кишварҳои исломӣ баршумурд.

Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки Ҷоми ҷаҳонии Қатар нишон дод, режеми саҳюнистӣ дар миёни миллатҳои мусулмон, режими манфӯр аст. Рӯйкарди саҳюнистҳо ба ин рухдоди ҷаҳонӣ аз манзари фурсате тиллоӣ барои тасреъ ва таъмими оддисозии сиёсӣ ба абъоди фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва умумӣ дар дунёи араб таъриф шуда буд, аммо дар саҳнае маъкуси Ҷоми ҷаҳонии Қатар бархилофи муҳосиботи саҳюнистҳо ба майдон барои эъломи инзиҷор алайҳи режеми саҳюнистӣ ва ҳимоят аз Фаластин ва муқовимати мардуми мазлуми ин кишвар табдил шуд. Навъи мувоҷеҳаи тамошогарони ҳозир дар Ҷоми ҷаҳонӣ бо хабарнигорони саҳюнистӣ дар Давҳа ва барафроштани парчами Фаластин ва шиорҳои зинда бод Фаластин ва марг бар Исроил мазҳари нафрати миллатҳои исломӣ алайҳи ишғолгарони саҳюнистӣ буд.

Мавзуи муҳимми дигар, ки буъди иҷтимоии Ҷоми ҷаҳонии Қатарро нишон дод, аҳаммияти хонавода назди ситораҳои дунёи футбол буд. Ситораҳои футбол пирӯзиҳоро дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар канори хонавода ҷашн гирифтанд. Лука Модрич, ситораи Хорватия пас аз касби мақоми сеюм дар Ҷоми ҷаҳонӣ, ин муваффақиятро дар канори фарзандони худ ҷашн гирифт. Лионел Месси, суперситораи Аргентина пас аз касби мақом қаҳрамонӣ, ин муваффақиятро дар канори ҳамсар ва фарзандон ва модари худ ҷашн гирифт. Софиан Буфал, нимҳимоятгари Марокаш пас аз роҳёбии ин тим ба ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳони Қатар ба самти сакуи ҳаводорон рафт ва бо ба оғӯш кашидани модараш ҷашни шодии худро баргузор кард. Ин рафторҳо нишон дод, ки хонавода бахше аз масир ва омили муваффақияти ситораҳои бузурги дунёи футбол аст.

 

Барчасп