Октябр 08, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди шуҳадо ва маҷруҳони фаластинӣ дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба Ҷанин
    Афзоиши теъдоди шуҳадо ва маҷруҳони фаластинӣ дар ҳамлаи саҳюнистҳо ба Ҷанин

Дар юриши низомиёни саҳюнист ба урдугоҳи Ҷанин ду фаластинӣ ба шаҳодат расид ва 11 нафари дигар захми шуданд.

Манобеи маҳали хабардоданд даҳҳо гашти артиши режими саҳюнистӣ аз соати пеш ба манзури иҷрои амалиёти густарда вориди урдугоҳи Ҷанин дар Каронаи Бохтари руди Урдун шуд ва бо муборизони муқовимат даргир шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомоани Шаҳобнюз дар ҷараёни юриши имруз низомиёни саҳюнист ба урдугоҳи Ҷанин ду ҷавони фаластинӣ ба номҳои Маҳмуд Алсус ва Аҳмадмуҳаммад Ҳусайн Зароғма тавассути ишғолгарон ба шаҳодат расиданд.

Ҳамчунин низомиёни саҳюнист дар ин юриши сангине, ки бо даргириҳои шадиди миёни онҳо ва муборизони муқовимат ҳамроҳ шуд 11 фаластиниро захми карданд, ки ҳоло се нафар аз онҳо бад гузориш шуда аст.

Дар ҳамин ҳол манобеъи фаластинӣ эълом карданд низомиёни саҳюнист дар ҷараёни ин юриш Абузина аз фаъолони муқовимат вобаста ба ҷанбиши Ҷиҳоди Исломиро боздошт кард ва бо худ ба хориҷ аз ин урдугоҳ мунтақил карданд.

Манобеъи фаластинӣ даргириҳои имруз дар урдугоҳи Ҷанинро бисёр шадид тавсиф карданд.