Кӯшта ва захмӣ шудани се низомии саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ
(last modified Sun, 09 Oct 2022 06:30:17 GMT )
Октябр 09, 2022 11:30 Asia/Dushanbe
  • Яир Лапид нахуствазири режими саҳюнистӣ увзоъро ҷиддӣ тавсиа кардааст
    Яир Лапид нахуствазири режими саҳюнистӣ увзоъро ҷиддӣ тавсиа кардааст

Бар асари тирандозӣ дар гузаргоҳи маркази шимолии Байтулмуқаддас, як низомии саҳюнистӣ кӯшта шуд ва ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии Ҷерузолем Пост, сухангӯи полиси марзии режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе эълом кард. Фарде пас аз наздик шудан ба маркази истгоҳи бозраси шурӯъ ба тирандозӣ ба самти низомиёни саҳюнистӣ кард.

Алова бар он гулулаҳам аз самти худраве, ки дар ҳоли убур буд шилик шуд, ки бар асари ин тирандозиҳо, як низомии саҳюнистӣ ба ҳалокат расид ду тани дигар захмӣ шудаанд.

Болгардҳои полиси режими саҳюнистӣ барои ёфтани омилони ин тирандозӣ ба парвоз даромадаанд. Яир Лапид нахуствазири режими саҳюнистӣ увзоъро ҷиддӣ тавсиа кардааст.

Аз сӯйи дигар вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард як навҷавони 17 солаи фаластинӣ дар ҷараёни даргири бо низомиёни саҳюнистӣ дар шаҳри Ҷнин воқеъ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ба шаҳодат расидааст. Пеш аз ин навҷавони 17 солаи дигаре низ ба шаҳодат расид буд.

Вазорати беҳдошти Фаластин ҳамчунин эълом кард, 11 нафар ҳам  бар асари шилики гулулаи ҷангӣ захмӣ шудаанд, ки барои дармон ба бемористон мунтақимл шудаанд.