Октябр 11, 2022 12:03 Asia/Dushanbe
  •  Дар ин намоишгоҳ 30 ширкати хусусии тавонманд аз Хуросони Разавӣ ва соири устонҳои Эрон ҳузӯр доранд
    Дар ин намоишгоҳ 30 ширкати хусусии тавонманд аз Хуросони Разавӣ ва соири устонҳои Эрон ҳузӯр доранд

Дуввумин намоишгоҳи ихтисоси Ҷумҳӯри Исломии Эрон бо меҳварияти Хуросони Разавӣ тайи маросиме дар Бишкек пойтахти Қирғизистон кушода шуд.

Раиси идораи бозаргонии  хориҷии Созмони санъату маъдан ва тиҷорати устони Хуросони Разавӣ якшанбе шаб бо баёни ин матлаб гуфт: Дар ин намоишгоҳ 30 ширкати хусусии тавонманд аз Хуросони Разавӣ ва соири устонҳои Эрон ҳузӯр доранд ва маҳсулоти худро дар заминаҳои санъати  ғизоӣ, беҳдоштӣ, кишварзӣ, бахшҳои мухталифи нафт, петрушимӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ. фарш, лавозими хонагӣ, маҳсулоти фулоди ва чарм дар маърази намоиши умуми қарор додаанд.

Раиси идораи бозаргонии хориҷии Созмони санъату маъдат ва тиҷорати Хуросони Разавӣ изҳор дошт: Намоишгоҳи Эрон дар Қирғизистон ба ҳиммати намоишогоҳи байналмиллалии Машҳад кушода шудааст ва то 12-уми октябр дар маҳалли Кохи варзишии Қирғизистон доир аст.

Бештар бихонед: