Октябр 23, 2022 11:07 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳар банд аз бандҳои зиндониҳои саҳюнистӣ, беш аз 80 нафар нигаҳдори мешавад, ки бархе онон пас аз поёни таҳқиқот, 70 рӯз дар зиндон ҳастанд
    Дар ҳар банд аз бандҳои зиндониҳои саҳюнистӣ, беш аз 80 нафар нигаҳдори мешавад, ки бархе онон пас аз поёни таҳқиқот, 70 рӯз дар зиндон ҳастанд

Бошгоҳи асирони фаластинӣ эълом кард, режими саҳюнистӣ аз оғози соли 2022, ҳудуди 5 ҳазору 300 фаластиниро боздошт кардааст.

Ба гузоришҳи Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории " Анотоли" Бошгоҳи асирони фаластинӣ дар баёнияе эълом кард, фаластиниён дар банди режими саҳюнистӣ шомили боздоштиҳое низ мешавад, ки озод шудаанд.

Бар асоси иттилооти марокизи хусуси ба умри асирон, шумори афроди дар банди зиндонҳои Исроил то поёни моҳи сентябр ҳудуди 4 ҳазору 700 нафар шомили 30 зан ва 190 кӯдак аст.

Дар ин баёния омадааст: Дар ҳар банд аз бандҳои зиндониҳои саҳюнистӣ, беш аз 80 нафар нигаҳдори мешавад, ки бархе онон пас аз поёни таҳқиқот, 70 рӯз дар зиндон ҳастанд.

Бошгоҳи асирони фаластинӣ эълом кард : Ранҷи зиндониён бо афзоиши теъдоди зиндониён ва издиҳоми беш аз ҳад дар боздоштгоҳҳо ва гузаргоҳҳо  афзоиш меёбад.

Боздоштгоҳҳо ва гузаргоҳҳо аз бадтарин марокизе ҳастанд, ки зиндониён ва ҳамчунин боздоштиҳоро ҳангоми интиқол аз зиндоне ба зиндони дигар ё барои муолиҷа, барои интиқол ба додгоҳ бо он рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба гузориши Бошгоҳи зиндониён, агар дастгириҳо бо рӯйкарди кунунии худ идома ёбад, ранҷу дарди асирони фаластинӣ бештар хоҳад шуд.