Октябр 29, 2022 17:32 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти баҳрайниҳо дар мухолифат бо интихоботи намоишӣ

Сокинони минтақаи Карона дар Баҳрайн тазоҳуротеро дар маҳкумияти интихоботи намоишӣ дар ин кишвар баргузор карданд

Интихоботи порлумонии Баҳрайн қарор аст, 12 ноябр баргузор шавад.

Ҳисоби “Твиттер”-ии Ҷамъияти исломии ал Вифоқи миллии Баҳрайн бо интишор тасовире навишт: Сокинони минтақаи Карона бо барпои тазоҳурот дар маҳкӯм кардани интихоботи намоишӣ, таҳрими интихобот ва озодии зиндониёни андешаро хостор шуданд.

Дар рӯзҳои гузашта низ Шайх Исо Аҳмад Қосим, раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн бо таъкид бар мухолифати мардумӣ бо интихоботи порлумонӣ гуфт, раванди интихоботи Баҳрайн бар асос барномаи ноодилона ва золимонаи Оли Халифа барои дастёбӣ ба аҳдофи султаҷӯёна такмил шудааст.

Ҷамъияти Вифоқи миллии исломӣ, Наҳзати исломии озодии Баҳрайн, Ҷумбиши Ал Вафои исломӣ, Ҷамъияти иқдоми исломӣ, Эътилофи ҷавонони инқилоби 14 феврал ва Наҳзати озодӣ ва демократ (ҳақ)-и Баҳрайн ҳам бо судӯри баёнияе интихоботи порлумонии кишварашонро таҳрим карданд.

 

Барчасп