Октябр 31, 2022 10:42 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати омили амалиётҳои шаҳодатталабонаи Каронаи бохтарӣ

Омили ду амалиёти шаҳодатталабона, ки дар Каронаи бохтарӣ сурат гирифт ва дар паи он чанд низомии саҳюнист захмӣ шуданд, ба шаҳодат расид.

Манобеи хабарӣ баъд аз зуҳри дируз якшанбе аз ду амалиёти шаҳодатталабона дар шарқи Қудси ишғолӣ хабар доданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Само, радиои артиши саҳюнистӣ эълом кард Баракот Мӯсо Авдаи 49 сола ва сокини шаҳраки Ализрия дар шарқи шаҳри Қудс ва омили ин ду амалиёти шаҳодатталабона будааст .
Ин шаҳрванди фаластинӣ дар вурӯдии шаҳраки саҳюнистии Алмог чанд саҳюнистро бо худрав зер гирифта буд . Яке аз ин амалиётҳо ҳам дар Ариҳо сурат гирифт .
Дар амалиёти Ариҳо чаҳор низомии саҳюнист захмӣ шудаанд. Бархе аз манобеъ аз ҷумла канали телеграмии Собиринниюс теъдоди низомиёни захмишудаи саҳюнистро шаш нафар эълом кардаанд .
Бар асоси ин гузориш дар паи афзоиши амалиётҳои шаҳодатталабона алайҳи саҳюнистҳо полиси режими саҳюнистӣ аз шаҳракнишинони исроилӣ хостааст, ки бо худ силоҳ дошта бошанд .

 

Барчасп