Ноябр 07, 2022 12:37 Asia/Dushanbe
  • Таи ҳафтаи гузашта,як тими низомии амрикоӣ вориди устони нафтхези Ҳазармавти Яман шудааст
    Таи ҳафтаи гузашта,як тими низомии амрикоӣ вориди устони нафтхези Ҳазармавти Яман шудааст

Узви дафтари сиёсии давлати наҷоти милии Яман гуфт, дар ҳафтаи ҷори чанд ҳайати низомии амрикоӣ вориди хоки Яман шуданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл рӯзи душанбеи шабакаи Алмиёдиен, Али-Алқаҳум узви дафтари сиёсии Давлати наҷоти миллии Яман дар суханони худ ҳушдор дод, ки Амрико ба ҳамроҳии Инглис дар ҳоли омода шудан барои даври тозае аз таниш дар Яман ҳастанд.

Дар ҳамин росто, манобеии маҳалии огоҳ хабар доданд, ки таи ҳафтаи гузашта,як тими низомии амрикоӣ вориди устони нафтхези Ҳазармавти Яман шудааст.

Ба гуфтаи ин манобеъ, сафарҳои иутаволии амрикоиҳо ба Ҳазармавт дар ростои ғорати ҳарчӣ бештари нафт ва гази Яман буда ва ин сафарҳо, раванди рӯ ба рушди доштааст.

Ин сафар дар ҳоле сурат гирифтааст, ки артиши Яман чанде пеш, бандаргоҳи Алзабҳа дар устони Ҳазармавтро ҳадафи ҳамалоти паҳподии худ қарор дод то аз ин тариқ, монеъи ғорати ҳарчӣ бештари нафти ин кишвар тавассути эътилофи мутаҷовизи Сауъдӣ-иморотӣ ва Амрико шавад.

Бештар бихонед: