Шайх Қосим: Таҳрими интихоботи Баҳрайн барои эҳтиром ба демократия аст
(last modified Thu, 10 Nov 2022 06:40:15 GMT )
Ноябр 10, 2022 11:40 Asia/Dushanbe
  • Шайх Қосим: Таҳрими интихоботи Баҳрайн барои эҳтиром ба демократия аст

Раҳбари наҳзати исломии Баҳрайн навишт, таҳрими интихобот дар ин кишвар барои эҳтиром ба демократия аст.

Интихоботи порлумонии Баҳрайн 12 ноябри 2022 баргузор мешавад ва инқилобиюни баҳрайнӣ аз моҳҳо пеш дарсадади таҳрими он баромадаанд, чаро ки ин интихоботро ба нафъи мардуми Баҳрайн намедонанд.

Ба гузориши вебгоҳи Маномапост. Шайх Исо Қосим, раҳбари Наҳзати исломии Баҳрайн рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи “Твиттер”-и худ хостори таҳрими густардаи интихоботи порлумонӣ ва шаҳрдориҳо дар ин кишвар шуд.

Вай таъкид кард, набояд ҳеҷ мушорикате дар интихоботи Баҳрайн сӯрат гирад, чаро ки ширкат дар интихобот боиси тақвияти диктаторӣ мешавад.

Шайх Қосим пеш аз ин низ навишта буд, интихобот дар Баҳрайн танҳо барои истибдоди бештар аст ва мардум дар ин ҳукӯмат абзоре ҳастанд то ҳукӯмат ба таври комил бар онҳо мусаллат шавад.

Маҷлиси намояндагони Баҳрайн ба мӯҷиби қонӯни асосии 2002 таъсис шуду шомили чиҳил узв аст, ки аз тариқи раъйгирии умумӣ интихоб мешаванд ва охирин интихоботи порлумонӣ низ авохири 2018 баргузор шуд.