Ноябр 12, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 24 ДИИШ-ӣ дар амалиёти артиши Сурия

Воҳидҳои амниятии Сурия 24 узви гуруҳи террористии ДИИШ-ро дар як амалиёти вижа дар Даръо ба ҳалокат расонданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Олег Игоров-муовини маркази оштии Русия дар Сурия гуфт : Воҳидҳои амниятии давлатии Сурия ҳаддиақал 24 ниманизомии гуруҳи террористии ДИИШ-ро дар як амалиёти вижа дар наздикии шаҳри Даръо ба ҳалокат расондаанд .
Вай афзуд неруҳои амниятии давлатии Сурия амалиёти вижаеро барои ҷустуҷӯ ва беасар кардани афроди муртабит бо гуруҳи террористии ДИИШ дар минтақаи маскӯнии дарраи Албалад дар шаҳри Даръо низ анҷом додаанд .
Игоров таъкид кард минтақа поксозӣ шуда ва дар ин амалиёт беш аз 300 бино ҷустуҷӯ ва 24 нафари дигар дастгир ва ҳамчунин шаш бомби дастисози кашф ва беасар шуд .
Ин мақоми рус аз кушта шудани як сарбози сурӣ дар устони Идлиб ва захмӣ шудани як сарбози дигар дар тирандозии хумпораӣ тавассути террористҳо ба мавозиъи неруҳои давлатӣ дар он минтақа хабар дод .
Дидабони « ҳуқуқи башари Сурия » ҳам ахиран эълом кард даргирӣ миёни гурӯҳаки террористии ҳайати Таҳрир-Ашшом ,ки мавриди ҳимояти Туркия аст 27 кушта барҷой гузоштааст .
Таҳрир-Ашшом бар хориҷ шудани гуруҳҳои мусаллаҳ аз шаҳрҳо ва рӯстоҳо ва тамаркуз ёфтан дар ҷабҳаҳои набард исрор ва пофишорӣ дорад . Дар воқеъ ин гуруҳ ба дунболи он аст, то ба таври комил бар тамоми манотиқи воқеъӣ миёни Идлиб ва Ҷароблус ба таври якпорча тасаллут ёбад .

Бештар бихонед :

Барчасп