Ноябр 13, 2022 18:58 Asia/Dushanbe
  • Зулм ба шиаёни Баҳрайн ба изъони маркази таҳқиқотии Вашингтон

Маркази таҳқиқотии Вашингтон эълом кард, раванди интихоботи Баҳрайн нишон медиҳад, шиаёни баҳрайнӣ мавриди зулму табъиз қарор гирифтаанд.

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Ал Ғадир, маркази таҳқиқотии Вашингтон бо интишори гузорише дар хусӯси интихоботи Баҳрайн, аз зулми шадиди давлати ин кишвар алайҳи ду сеюми миллати Баҳрайн (шиаён) хабар дод, ки мӯҷиби шаку тардид дар бораи авзоъи ин кишвар мешавад.

Тибқи ин гузориш, бо вуҷуди инки шаҳрвандони шиъа аксарияти сокинони Баҳрайнро ташкил медиҳанд, аммо ин мавзӯ ба ҳеҷ ваҷҳ дар маҷлис дида намешавад ва бештари аъзои он аҳли суннат ҳастанд.

Гуфта мешавад, дар интихоботи пешин, номзадҳои шиъа фақат дар 15 ҳавза аз 40 ҳавзаи интихоботӣ пирӯз шуданд.

Ҳатто дар соли 2010, ки шиаён ба авҷи қудрати сиёсии худ расиданд, дар интихобот сирфан 18 курсиро касб карданд.

Дар ин гузориш омадааст, нишастҳои сиёсии аҳли ташайюъ дар кишвар мамнӯъ шуда ва аз тариқи эътои тобеъият ба неруҳои урдунӣ ва Покистон ва дигар кишварҳо дар полис бар шумори шаҳрвандони суннии кишвар афзӯда шудааст.

Дар ин гузориш ҳамчунин ба изҳороти Поп Франсис дар бораи озодии динӣ ишора шуда, ки аз давлати хост аз иҷрои ҳукми эъдом даст бардорад.

Бар асоси гузориши маркази таҳқиқотии Вашингтон, акнӯн ду ҳазор ҷавони шиъа дар зиндонҳои ин кишвар ба сар мебаранд, ки онҳо бо ҳукми эъдом мувоҷеҳ ҳастанд.

Бештар бихонед:

Барчасп