Ҳамос: Амалиёти қаҳрамононаи " Селфит" паёме ба режими ишғолгар аст.
(last modified Wed, 16 Nov 2022 06:53:34 GMT )
Ноябр 16, 2022 11:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос гуфт: Амалиёте. ки тавассути шаҳид Муҳаммад Мурод  анҷом шуд, ҳовии паёми мустақиме ба режими ишғолгар ва ташкилоти худгардони Фаластин буд
    Ҳамос гуфт: Амалиёте. ки тавассути шаҳид Муҳаммад Мурод анҷом шуд, ҳовии паёми мустақиме ба режими ишғолгар ва ташкилоти худгардони Фаластин буд

Яке аз раҳбарони Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин " Шамос" таъкид кард: Амалиёти қаҳрамононаи " Селфит" ки ба кушта шудани ду шаҳракнишин мунҷар шуд, ҳовии паёми мустақиме ба режими саҳюнистӣ буд.

Ба гузориши Садои Хуросон,  ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбеи вебгоҳи Шаҳоб Нюз, Мустафо Абуара аз раҳбарони Ҷунбиши Ҳамос гуфт: Амалиёте. ки тавассути шаҳид Муҳаммад Мурод  анҷом шуд, ҳовии паёми мустақиме ба режими ишғолгар ва ташкилоти худгардони Фаластин буд.

Абуара гуфт: амалиёти Селфит дар идомаи амалиёти қаҳрамонони Фаластин ва ҳовии ин паём бад, ки " Мо соҳибони ин сарзамин ҳастем ва ишғолгарон ва шаҳракнишинон ҷое дар ин сарзамин надоранд".

Ин раҳбари Ҳамос бо баёни ин, ки, силоҳҳои қаҳрамонони мо дуруст ба қалби душман зарба ворид карда ва сабаб шуда душман товони сангине ба хотири иртикоби ҷиноятҳояш бипардозад. Миллати Фаластинро ба иттиҳод ва ҳимоят аз муқовимат ва ташдиди талошҳо барои шуълавар кардани оташи муқовимат дар ҳама нуқоти сарзамини Фаластин то нобуди режими ишғолгар, фарохонд.

Сухангӯи Ҳамос низ рӯзи гузашт таъкид кард, амалиёти қаҳрамононаи фалатиниён дар шаҳраки саҳюнистнишин дар минтақаи Селфит нишон диҳандаи қудрати миллати Фаластин дар тадовуми инқилоби худ ва дифоъ аз Масҷидул-Ақсо дар муқобили таъарузҳои рӯзонааст.

Бештар бихонед: