Ҳимояти аксарияти саҳюнистҳо аз тавофуқ бо Ҳамос
Назарсанҷиҳои нав дар сарзаминҳои ишғолӣ нишон медиҳад саҳюнистҳо ба думболи тавофуқ барои озодии асирони дар банди Ҳамос ҳастанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон. натиҷаҳои назарсанҷии "канали 12 "-и режими саҳюнистӣ нишон дод, ки 69 дарсади исроилиҳо гуфтаанд, ки мувофиқи имзои тавофуқи мубодилаи асирон бо муқовимат дар навори Ғазза ҳастанд ва танҳо 20 дарсад хостори идома ҷанг шудаанд. Ҳамчунин бар пояи ин назарсанҷӣ 46 дарсад аз тарафдорони Бинёмин Натанёҳу аз тавофуқи мубодилаи асирон эъломи ҳимоят карда ва 36 дарсад низ мувофиқи идомаи ҷанг будаанд.
Пештар низ натоиҷи назарсанҷии рӯзномаи ибризабони Маъорив-чопи сарзаминҳои ишғолӣ нишон дод, ки ҳудуди 55 дарсад аз саҳюнистҳо бар ин боваранд, ки кабинаи режими ишғолгар бояд бо «тарҳи оташбаси марҳилаӣ» барои табодули асирон мувофиқат кунад. Ин рӯзнома ҳамчунин дар бора иқдомоти лозим барои дастёбӣ ба тавофуқ дар бораи табодули асирон ва идома ё таваққуфи ҷанг дар навори Ғазза ва Лубнон, иқдом ба назарсанҷӣ карда буд, ки бар асоси натоиҷи он, 45 дарсади пурсишшавндагони саҳюнист гуфта буданд, ки Исроил бояд бо тарҳ дар остонаи рӯнамоӣ дар бораи поёни ҷанг дар Лубнон мувофиқат кунад.
Сарзаминҳои ишғолӣ аз як сол пеш то кунун шоҳиди тазоҳуроти хонаводаҳои асирони саҳюнист ва ҳомиёни онҳо барои таъкид бар лузуми бастани қарордоди оташбас ва мубодилаи асирон бо муқовимати Фаластин буда, аммо кабинаи Натанёҳу дар чанд марҳила музокироти оташбасро бо монеътарошӣ ба бунбаст кашондааст. Дар ҳамин робита то кунун ҳазорон шаҳракнишини саҳюнист бо баргузории тазоҳурот ба беш аз 400 рӯз бехабарӣ аз вазъияти асирони саҳюнист дар навори Ғазза эътироз карда ва нахуствазири режими саҳюнистиро гунаҳкори озод нашудани онҳо аз асорат донистаанд.