Ноябр 17, 2022 17:37 Asia/Dushanbe
  • Шикасти порлумони Лубнон барои шашумин бор дар интихоби раиси ҷумҳӯри

Порлумони Лубнон барои шашумин бор дар интихоби раиси ҷумҳӯр шикаст хурд .

Ба гузориши шабакаи Алъолам, ҷаласаи порлумони Лубнон барои интихоби раиси ҷумҳӯри имрӯзи панҷшанбе пас аз ба ҳадди ниссоб расидан бо ҳузури 112 намояндаи дар салони умумӣ оғоз шуд .
Пеш аз ин Наҷиб Миқотӣ-нахуствазири давлати пешбурди умӯри Лубнон эълом кард:  Раиси ҷумҳӯри ҷадид бояд фавран барои сомондеҳии фаъолияти сиёсӣ интихоб шавад ва мақбулияти ҳамагонӣ дошта бошад .
Лубнон пас аз инфиҷори бандари Бейрут дар соли 2020 нобасомониҳои сиёсӣ ва иқтисодии гуногунеро таҷриба кардааст . Давлати вақти Лубнон пас аз ин инфиҷор истеъфо кард ва пас аз он низ идораи умури ин кишвар бар уҳдаи давлати пешбурди умур ниҳода шудааст .
Бар ин асос дар сурат нокомии порлумон дар интихоби раиси ҷумҳӯри ҷадид, халъи сиёсӣ дар ин кишвар ташдид шуда ва муъзалоти дохилӣ низ афзоиш меёбад .
Ҷаласаи панҷуми раъйгирӣ барои интихоби раиси ҷумҳӯри ҷадиди Лубнон панҷшанбеи ҳафтаи гузашта дар порлумони ин кишвар баргузор шуд, ки ҳамонанди чаҳор ҷаласаи гузашта бенатиҷа поён ёфт .