Соли 2022 ва эъдомҳои густарда дар Арабистон
(last modified Fri, 18 Nov 2022 15:55:08 GMT )
Ноябр 18, 2022 20:55 Asia/Dushanbe
  • Соли 2022 ва эъдомҳои густарда дар Арабистон

Манбаи ғарбӣ аз афзоиши бесобиқаи иҷрои аҳкоми эъдом дар Арабистон хабар дод.

Арабистон ба сарзамини эъдому ваҳшат табдил шудааст ва манобеи ғарбӣ аз чанд баробар шудани иҷрои аҳкоми эъдом дар сарзамини Оли Сауд хабар медиҳанд.

Ба тавре ки омори иҷрои аҳкоми эъдом дар Арабистон дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар шудааст.