Оё Арабистон ҳарими ҳавоии худро ба рӯи Исроил барои ҳамла ба Яман боз кардааст?
(last modified 2024-10-01T12:00:01+00:00 )
Октябр 01, 2024 17:00 Asia/Dushanbe
  • Баҳси корбарон дар боз кардани ҳарими ҳавоии Арабистон ба Исроил барои ҳамла ба Яман
    Баҳси корбарон дар боз кардани ҳарими ҳавоии Арабистон ба Исроил барои ҳамла ба Яман

Порс-тудей. Ба гуфтаи бархе расонаҳо ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, Исроил дар ҳамлоташ ба Яман аз ҳарими ҳавоии Арабистон истифода мекунад.

Дар филме, ки сафҳаи расмии Неруи ҳавоии Исроил дар шабакаи иҷтимои “Х” аз ҳамлаи ахири ин режим ба Яман мунташир кардааст, мушоҳида мешавад, ки ҳавопаймоҳои KC - 707 ва F - 35 Исроил аз ҳарими ҳавоии Арабистон, аз ҷумла маҳдудаи шаҳри Алҳумайза (Al Humidah) убур кардаанд.

Ба гузориши “Порс-тудей”, пойгоҳи интернетии “THE WAR ZONE” бо истинод ба ин филм ба ин ифшогарӣ пардохт, ки парвозҳои ҳавопаймоҳои сӯхтрасону ҷангандаҳои Исроил барои ҳамла ба Яман, аз густараи ҳавоии қобили рӯияти Арабистони Саудӣ, аз ҷумла шаҳри Алҳумайза анҷом шудааст.

Тасвире аз твити Неруи ҳавоии Исроил дар бораи ҳамлаи ахири ин режим ба Яман

 

 

Furkan Gözükara, аз фаъолони ҳуқуқи башар дар ҳамин хусус дар шабакаи иҷтимоии “Х” бо интишори ин тасовир навишт: Исроил барои бомбаборони Яман аз ҳарими ҳавоии Арабистони Саудӣ барои сӯхтгирӣ истифода мекунад.

 

Тасвири твити Furkan Gözükara

 

Вебсайти “yemenshabab” ҳам бо истинод ба ин филм эълом кард, ки ба лутфи Арабистон ҳамлаи ахири Исроил ба Яман тӯлонитарин маъмурияти ҷангии ин режим аз замони ҳамла ба мақари Созмони озодибахши Фаластин дар Тунис дар соли 1985 аст.

Бархе фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ низ бо интишори тасовири убури ҷангандаҳои исроилӣ аз ҳарими ҳавоии Арабистон, аз ҳамкории Риёз бо Исроил дар ҳамла ба Яман изҳори шигифтӣ кардаанд.

Як корбари шабакаи иҷтимоии “Х” бо номи Сезиф бо ибрози ҳайрат аз ҳамкории Арабистон бо режими Исроил навишт: “Бовар карданӣ нест, як кишвари араб барои бомбаборони як кишвари араби дигар ба артиши яҳуд кумак мекунад”.

Ин корбар дар идома бо тарҳи як суол менависад: “Фикр мекунед, чаро Исроил ин тасовирро расонаӣ мекунад? Бо вуҷуди инки Арабистон пештар эълом карда буд, дар ҳамалоти Исроил ба Яман дахолате надоштааст”.

Лозим ба зикр аст, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар ҷадидтарин ҳамалоти худ ба Яман, якшанбешаб шаҳри Алҳудайда, фурудгоҳи байналмилалӣ ва ҳамчунин нерӯгоҳи барқи ин шаҳрро ҳадаф қарор доданд.

Неруҳои артиши Яман мутааҳҳид шудаанд то замоне, ки режими саҳюнистӣ ҳамалоти худ ба Ғаззаро мутаваққиф накунад, ҳамалот ба Фаластини ишғолиро идома хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, ҳамсояи шимолии Яман, дар дидор бо вазири хориҷаи Амрико гуфт, масъалаи Фаластин шахсан барои вай аҳамияте надорад.

Бар асоси эъломи маҷаллаи “Атлантик”, Бин Салмон дар ин дидор ҳамчунин эълом кардааст, ҳар навъ шиор дар мавриди Фаластин дар Арабистон мамнуъ шудааст.

 

 

Барчасп