Ноябр 22, 2022 12:46 Asia/Dushanbe
  • Арабистон-маркази маводи мухаддири ғарби Осиё

Арабистон сеюмин кишвари масрафкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст ва дар ғарби Осиё низ дар ин замина рутбаи аввалро дорад .

Ба гузориши пойгоҳи интерентии Саъӯдилекс, пойгоҳи "Geopolitical Futures" рӯзи душанбе дар гузорише таҳти унвони “Арабистон-маркази маводи мухаддири Ховари Миёна " навишт, Арабистони саъӯдӣ аз соли 2015 то 2019 беш аз 45 дарсад аз мавориди тавқифу кашфи қурсҳо(таблеткаҳо)и Amphetamine маърӯ ба Captagonро дар ҷаҳон Арабистон ба худ ихтисос додааст .
Тибқи гузоришҳои расмии Вазорати дохилаи Арабистон омори нашъамандон дар ин кишвар ба 200 ҳазор нафар мерасад, аммо ба гуфтаи бархе созмонҳои маданӣ шумори онҳо бисёр бештар аз омори эъломшуда аст .
Арабистон сеюмин кишвари масрафкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст ва дар ғарби Осиё низ дар ин замина рутбаи аввалро дорад . Тибқи қонун муҷозоти масрафу қочоқи маводи мухаддир дар Арабистон қатл аст, аммо ин танҳо дар бораи шаҳрвандони оддӣ ва муҳоҷирон амал мекунад ва аъзои хонадони ҳоким аз пайгарди қонунӣ озоданд.
Масрафи маводи мухаддир байни писарону духтарони ҷавон дар манотиқи шаҳрӣ ва дар байни ҷавонони 18 то 29 сола афзоиши бештаре доштааст ва беш аз 60 дарсади нашъамандон аз ин гуруҳи синнӣ ҳастанд .
Арзёбиҳо нишон медиҳад 90 дарсади нашъамандон шаҳрвандони саъӯдӣ ва 10 дарсад низ аз муҳоҷирин ҳастанд, ки 40 дарсад аз сокинони ин кишварро ташкил медиҳанд .
Ин дар ҳоле аст, ки аъзои хонадони ҳокими Арабистон аз озодии худ аз пайгарди ҷазоӣ ба сабаби қочоқи маводи мухаддир ба Арабистон ва дигар кишварҳо истифода мекунанд.

 

Барчасп