Декабр 10, 2016 18:43 Asia/Dushanbe
  • Раъйи эътимоди Маҷлиси Яман ба давлати Наҷоти миллӣ

Намояндагони Маҷлиси Яман, рӯзи шанбе бо аксарияти оро ба давлати Наҷоти миллии ин кишвар раъйи эътимод доданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии ямании Алмасира, давлати Наҷоти миллии Яман ба нахуствазирии Абдулазиз ибни Ҳабтур пас аз гирифтани раъйи эътимод аз маҷлис, масъулияти идораи ин кишварро бар ӯҳда гирифтааст.

Давлати Наҷоти миллии Яман аз сӯи Ҷунбиши Ансоруллоҳ ва Ҳизби конгресси мардумии вобаста ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, 28 ноябри гузашта бо ҳузури 42 вазир ба раёсати Абдулазиз ибни Ҳабтур ташкил шуд.

Пештар Шӯрои олии сиёсии Яман эълом карда буд, давлати Наҷоти миллӣ дар шароити сахти дохилӣ ва барои муқобила бо чолишҳои хориҷӣ аз ҷумла ҳамлаи Арабистон ба Яман ташкил шудааст.

Арабистон аз марти 2015 ҳамалоти худро ба мардум Яман бо ҳадафи бозгардондани Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури мустаъфии Яман ба қудрат оғоз кардааст. Дар ин ҳамалот, то кунун беш аз 10 ҳазор яманӣ ҷон бохтаанд.

 

 

Барчасп