Шаҳодати 205 фаластинӣ аз ибтидои соли ҷории мелодӣ
(last modified Wed, 30 Nov 2022 07:05:28 GMT )
Ноябр 30, 2022 12:05 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси ин гузориш, 153 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Ордан ва 52 нафар низ дар борикаи Ғаза ба шаҳодат расидаанд
    Бар асоси ин гузориш, 153 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Ордан ва 52 нафар низ дар борикаи Ғаза ба шаҳодат расидаанд

Вазорати беҳдошти Фаластин рӯзи сешанбе дар гузорише аз шаҳодати 205 фаластинӣ аз ибтидои соли мелодии ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Вазорати беҳдошти Фаластин дар ин гузориш хотирнишон кард, низомиёни режими саҳюнистӣ аз ибтидои соли ҷории мелодӣ то кунун дасти кам 205 фаластиниро ба шаҳодат расондааст.

Бар асоси ин гузориш, 153 фаластинӣ дар Каронаи Бохтарии руди Ордан ва 52 нафар низ дар борикаи Ғаза ба шаҳодат расидаанд.

Ториқ Ғазолиддин сухангӯи Ҷунбиши ҷаҳоди исломии Фаластин чанде пеш бо маҳкум кардани ҷинояти режими ишғолгари саҳюнистӣ тасреҳ кард.

Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз ҳафтод сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ леҳ мешавад. Ин режим дар муддати мазкур ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро алайҳи фаластиниҳо муртакиб шудааст.

Бештар бихонед: