Шӯрои амният бояд таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Сурияро маҳкум кунад
-
Намояндаи доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллал
Намояндаи доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид бо маҳкум кардани ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Сурия, бар ҳаққи машрӯъи ин кишвар дар дифоъ аз худ бар асоси канвонсиюни байналмиллалӣ таъкид кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Саъиди Ирвонӣ, дар бораи Сурия ишора ба иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ аз ҷумла нақзии мукаррари ҳокимият ва тамомияти арзии Сурия ва ҳадаф қарор додани амдии афрод, зербаноҳҳои ғайри низомӣ ба вижа ба фурӯдгоҳҳо ва киштиҳои ҳомили кумакҳои инсонӣ дар ин кишвар аз Шӯрои амният хост таҷвузҳои режими саҳюнистӣ ба Сурияро маҳкум кунад.
Намояндаи доими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллал дар идома бо баёни инки амният ва субот дар шимоли Сурия танҳо аз тариқи ҳифз ва эҳтироми комил ба ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар ба даст меояд афзӯд, ҳар гуна амалиёни низомӣ дар шимоли Сурия метавонад барои масъалаи инсондустона чолиш барангез бошад ва ҳатто онро бадтар кунад.
Намояндаи домими Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Созмони Миллал дар ин нишаст бо тақдир аз талошҳои Созмони Миллал ва ожонсҳои вобаста ба он ба манзури таъмини кумакҳои инсонӣ барои ниёзмандон ва ҳамчунин ҳамкори дар иҷрои қатъномаи 2642 хотирнишон кард, таҳримҳои якҷониба ба вижа сахтиҳои мавҷӯд дар амри саломати умумӣ ва амнияти ғизоӣ, ки тавассути кишварҳои ғарбӣ таҳмил шуда, шароити инсонии Сурияро бадтар кардааст.
Бештар бихонед:
- Аҳдофи Амрико аз доманзадан ба даргирӣ миёни гурӯҳҳои курд ва артиши Сурия дар шаҳр Ҳасакаи Сурия
-
Ишғоли манзилҳои сокинони шарқи Сурия аз сӯи низомиёни Амрико
-
Баёнияи поёнии нишасти Остона дар Теҳрон: Даргириҳои Сурия роҳи ҳали низомӣ надорад