Ҷоми Ҷаҳонии 2022: Ҷашни роҳёбии марокашиҳо бо парчами Фаластин
(last modified Fri, 02 Dec 2022 10:30:32 GMT )
Декабр 02, 2022 15:30 Asia/Dushanbe
  • Тими футболи Марокаш бо парчами Фаластин
    Тими футболи Марокаш бо парчами Фаластин

Тими миллии Марокаш пас аз роҳёбӣ ба марҳалаи ҳазфии Ҷоми Ҷаҳонии 2022 парчами Фаластинро боло бурданд.

Ба гузориши “Форс”, дар чорчӯби рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонӣ шомгоҳи панҷшанбе тими футболи Мағриб (Марокаш) бо шикасти 2 бар яки Канада ба марҳалаи ҳазфӣ роҳ ёфт то пас аз Ҷоми ҷаҳонии 1986 ин ифтихорро бори дигар такрор кунад.

Бозикунони тими миллии Марокаш зимни анҷоми саҷдаи шукр бо барафроштани парчами Фаластин хушҳолии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар ин ҷоми ҷаҳонӣ, борҳо дар маконҳои мухталиф мусулмонон бо барафроштани парчами Фаластин аз мардуми ин кишвар ҳимоят ва аз ҷинояти режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ибрози танаффур карданд.