Гузориши такондиҳандаи Бунёди аврупоиҳо аз тааррузоти саҳюнистҳо дар Қудс
Ин рӯзҳо бештари ахборе ки аз Фаластин мерасад, ба манотиқе чун Наблос ва Ҷанину дигари шаҳрҳову манотиқи перомунӣ марбут мешавад, ки саҳнаи даргириҳои ҷавонони фаластинӣ ва гуруҳҳои муқовимати тозатаъсисе ҳамчун “Ариналасваду” (Бешаи шерон) аст.
Аммо гузоришҳои дарёфтӣ баёнгари ин аст, ки тааррузоту таҷовузоти режими саҳюнистӣ ва шаҳракнишинон бо шиддати тамом дар Байтулмуқаддас ва Масҷидулақсо ҷараён дорад, ки ҳар лаҳза метавонад оташи хашми фаластиниҳоро дар ин шаҳру маконҳо шуълавар созад.
Бунёди аврупоиҳои ҳомии Қудс дар гузориши ҷадиди худ гуфтааст, ки танҳо дар моҳи ноябр 4239 шаҳракнишини яҳуд ва беш аз 90 ҳазор фард дар пӯшиши гардишгар ба масҷиди мубораки Алақсо таарруз кардаву артиши саҳюнистии 762 ба Қудс ҳуҷум карда, ки дар ҷараёни он се фаластинӣ шаҳид, 31 нафар захмӣ, 143 нафар, аз ҷумла 8 зану 20 кӯдак боздошт, 19 тан эҳзор, 10 фаластинӣ табъид, 17 фаластинӣ ба ҳабси хонагӣ маҳкум ва 15 хонаи фаластинӣ низ вайрон шудааст.
Ин маворид нишон медиҳад, ки режими саҳюнистӣ сиёсатҳову иқдомоти худро барои тағйири бофти ҷуғрофиёӣ ва ҷамъиятии Байтулмуқаддас ба манзури табдили он ба пойтахти доимии худ дар тамоми абъод ба пеш мебарад ва бо тавваҷуҳ ба натоиҷи интихоботи ахири ин режим, ки муҳимтарин вижагии он пирӯзии аҳзобу гуруҳҳои дастиростӣ бо гароишоти нажодпарастӣ ва фашистӣ аст, эҳтимол меравад ин раванд ташдид шавад.
Албатта, фаластиниҳо низ худро барои як набарди сарнавиштсоз омода кардаанд ва ду амалиёти бомбагузории ахир дар ғарби Байтулмуқаддас, ки бо ҳак кардани ҳамзамони дурбинҳои маҳалли бомбагузорӣ ҳамроҳ буда, намунае аз ҳушдорбошҳои фаластиниҳо ба шумор меравад, ки бо вуҷуди гузашти чанд ҳафта аз замони он ҳанӯз ҳеҷ радди пое аз омилони ин амалиётҳо пайдо нашудааст, ки ин нишондиҳандаи печида шудани амалиётҳои фаластиниҳост, ки бо истифода аз асли ғофилгирӣ бар сардаргумии саҳюнистҳо меафзояд.
Аз замони таъсиси режими саҳюнистӣ дар соли 1948 ин режим чанд ҳадафро дар хусуси Қудси шариф дар дастури кори худ қарор додааст, ки аз ҷумлаи ин аҳдоф тасарруфи комили шаҳри Байтулмуқаддас, яҳудисозии ин шаҳр бо тағйири чеҳраву ранги исломии он ва интиқоли пойтахти ин режим аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас мебошад.
Режими саҳюнистӣ барои расидан ба ин аҳдоф иқдомоте ҳамчун ишғолу ғасби заминҳои аъроб, тахриби манозилу амокини исломиву арабӣ ва азияту озори сокинони араб ба ҳамроҳи ворид намудани фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ бар ононро дар дастури кор қарор додааст.
Режими саҳюнистӣ дар ростои сиёсатҳои тавсеаталабонааш пас аз ишғоли Каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза дар соли 1967, яке аз барномаҳои яҳудисозии худро дар қолаби шаҳраксозӣ дар Қудс оғоз кард. Ин режим пас аз ғасби заминҳои фаластиниён се камарбанд аз шаҳракҳои яҳудиро бо ҳадафи муҳосираву ҷудосозии шаҳри Байтулмуқаддас аз Каронаи Бохтарӣ эҷод кардааст.
Камарбанди аввал даври шаҳри қадимӣ ва атрофи он ба сӯи бахши ғарбии шаҳр кашида шудааст, ки ба сурати эҷоди маҳаллаи яҳудӣ ва парки миллӣ дар даруни девори таърихии шаҳр ва бахши шарқиву ҷанубии он як маркази тиҷорӣ дар дохили ин камарбанд мебошад.
Камарбанди дувум, маҳаллаҳои арабии берун аз девори шаҳрро аз се тараф дар бар мегирад ва шаҳракҳое ба сурати камон, шаҳрро аз маҳаллаҳои маскунии аъроб дар шимолу ҷануб ҷудо месозад, ки теъдоди ин шаҳракҳо дар чорчӯби ин камарбанди 11 шаҳраки саҳюнистнишин мебошад.
Камарбанди сеюм бо ҳадафи муҳосираи шаҳри Қудс бар асоси тарҳҳои пешниҳодии Исроил ва яҳудисозии он эҷод шуда, ин тарҳ дар садади тиҳисозии маҳаллаҳои арабӣ аз сокинини он ва ҷойгузинии саҳюнистҳо ба ҷойи онҳост, ки ҳамчунон идома дорад.
Бар асоси ахбори мунташиршуда, режими саҳюнистӣ баъд аз ҷанги Украина иқдом ба интиқоли 70 ҳазор нафар аз яҳудиён аз Украина ва Русия ба Фаластини ишғолӣ кардааст, ки ин амр зимни ин ки аз нақши ин режим дар пуштипардаи ҷанги хонумонсӯзи Украина парда бармедорад, аз ин воқеияти талх ҳам ҳикоят дорад, ки ба ивази ҳар фарди яҳудӣ, ки ба сарзаминҳои ишғолӣ ворид мешавад, ин режим қасд дорад ба ҳамон теъдод аз фаластиниҳоро ихроҷ ва табъид кунад ва ба ҳар теъдоде, ки шаҳраки яҳудӣ сохта мешавад, ба ҳамон теъдод хонаҳои фаластиниҳо вайрон мешаванд.