Иморот мақсади дуввуми раиси режими саҳюнистӣ
(last modified Mon, 05 Dec 2022 13:22:40 GMT )
Декабр 05, 2022 18:22 Asia/Dushanbe
  • Аморат мақсади дувуми раиси режими саҳюнистӣ
    Аморат мақсади дувуми раиси режими саҳюнистӣ

Раиси режими саҳюнистӣ имрӯз вориди Абу- Забии Иморат шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА,  Исҳоқ Ҳерзог, раиси режими ишғолгари Қудс дар "Твиттер" навишт, дар замони вуруд ба Абу-Заби мавриди истиқболи Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳён, вазири хориҷаи Иморот қарор гирфтааст.

Ҳергоз бо ишора ба ҳузури худ дар конфронси ҳавофазои Абу Заби таъкид кард, дидор бо шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳён, раиси Иморот дастури кори баъдии сафар аст.

Раиси режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе ҳам дар миёни эътирозоти миллати Баҳрайн вориди Манома, пойтахти ин кишвар шуд ва бо Ҳамд ибни Исо Оли Халифа дидору гуфтугу кард.

Сафари раиси режими нажодпарасти саҳюнистӣ ба Баҳрайн ва Иморот дар шароите аст, ки ин режим ҳамвора дар беш аз шаш даҳҳаи гузашта омили ҷанг, бесуботӣ ва танишофаринӣ байни кившарҳои минтақа будааст.

Гуфтанист, тавофуқномаи одисозии равобит дар соли 2020 бо миёнҷигарии Амрико байни режими саҳюнистӣ ва бархе аз ҳокимони кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Баҳрайн, Иморот ва Мағриб имзо шуд.