Декабр 06, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи ҳамаи намояндагони Осиё аз Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар

Тимҳои миллии Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон бо шикаст дар баробари Бразилияву Хорватия бо Ҷоми ҷаҳонии Қатар худоҳофизӣ карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шашумин дидори марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2022 Қатар шаби гузашта миёни Бразилия ва Кореяи ҷанубӣ баргузор шуд .

Image Caption

Бразилия дар дақиқаи 7 тавассути Винисиюс Ҷуниор ба голи нахуст расид, то мушаххас шавад Кореяи ҷанубӣ шаби сахте дар пеш дорад .
Неймар дар дақиқаи 12 голи дувуми Бразилияро аз рӯйи нуқтаи пеналти ба самар расонд .
Голҳои сеюму чаҳорум низ ба тартиб дар дақоиқи 28 ва 36 тавассути Ричарлисон ва Палита ба самар расид .
Нимаи дувуми ин дидор бо таъвизҳои Кореяи ҷанубӣ оғоз шуд ва Бразилия ҳам чандон ба обу оташ назд .
Дар ҳоле ки Бразилия саъй дар мудирияти бозӣ дошт, тими миллии Кореяи ҷанубӣ дар дақиқаи 76 тавассути Пак Сионг Ҳо ба зебоӣ дарвозаи Бразилияро боз кард .
Саранҷом ин бозӣ бо натиҷаи 4 бар 1 ба нафъи Бразилия хотима ёфт . Бразилия дар марҳалаи баъдӣ бо Хорватия рӯ ба рӯ хоҳад шуд .
Аммо пеш аз ин бозӣ низ Ҷопон дигар намояндаи шоистаи Осиё бо шикасти 3 бар 1 муқобили Хорватия бо заработи пеналти аз роҳёбӣ ба марҳалаи як чаҳорум боз монд .

Image Caption

Эрон, Арабистон, Австралия ва Қатар низ пеш аз ин аз гардунаи мусобиқот ҳазф шуда буданд .

 

Барчасп