Июл 28, 2016 18:39 Asia/Dushanbe
  • Суханони Башор Асад дар бораи буҳрони Сурия ва тавтеаҳои Ғарб

Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар дидори раиси Ҳизби демократи масеҳӣ ва раиси Ҳизби Позук ва теъдоде аз раҳбарони ин ду ҳизби юнонӣ дар Димишқ гуфт: "Мушкили бисёре аз сарони кишварҳои аврупоӣ бо Сурия истиқлоли ин кишвар аст".

Башор Асад афзуд, мардуми Сурия бар идомаи мубориза ва дифоъ аз кишварашон барои барқарории оромиш ва субот мусаммам ҳастанд.

Таҳаввулоти Сурия дар солҳои ахир баёнгари пойдории мисолзадании суриҳо дар баробари гурӯҳҳои террористӣ ва барҳам хурдани муодилоти террористҳо ва ҳомиёнашон ҷиҳати тасаллути Сурия ва суқути низоми сиёсии ҳоким бар ин кишвар аст.

Гуфтанӣ аст ки ҳамзамон бо оғози мавҷи бедории исломӣ дар минтақаи Ховари миёна ва шимоли Африқо, тавтеаҳои Ғарб бо ҳамроҳии бархе кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Арабистон ҷиҳати маҳор ва ё инҳироф дар он, дар минтақа фузунӣ гирифт ва минтақаи Ховари миёна амалан ба мавҷи муҳибе аз терроризм ва низ ҳуҷуми террористҳо бо миллият ва табаияти кишварҳои ғарбӣ мувоҷеҳ шуд.

Террористҳо дар сададанд бо куштори мардум ва нерӯҳои амниятии Сурия, низоми Сурияро ки яке аз меҳварҳои муқовимат дар баробари тавсеаталабии режими саҳюнистӣ аст, сарнагун кунанд.

Дар шароите ки афкори умумӣ интизори бархурди ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мавзӯи терроризми ҳидоятшуда аз ҷониби Ғарб, ки мардуми Сурияро ҳадаф қарор додааст, ҳастанд, давлатҳои ғарбӣ бо таблиғоти фиребкорона дар садади машруият додан ба террористҳо дар Сурия ҳастанд.

Бо нигоҳе ба буҳрони Сурия метавон дарёфт, ки бархе аз давлатҳои арабӣ бо дахолат дар умури Сурия ва сӯиистифода аз порае аз эътирозоти мардумӣ, ки танҳо хоҳони ислоҳоте дар кишвар буданд, бо ҳимоят аз террористҳо ва эъзоми ҳазорон террорист ба Сурия, шакли террористӣ ба эътирозот дар Сурия доданд.

Дар воқеъ бархе кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ бо ҳимоятҳои мусаллаҳона аз террористҳо ва кӯмак ба вуруди ҳазорон террористи такфирӣ ба хоки Сурия, омили шаклгирии буҳрони ин кишвар будаанд.

Аммо нуктаи қобили тааммул дар таҳаввулоти минтақаи Ховари миёна ин аст ки табаоти ҳар гуна таҳаввул ва буҳроне дар ин минтақа танҳо маҳдуд ба ин ҷо набуда ва амалан ҷанбаи фароминтақаӣ ба худ мегирад. Намунаи боризи ин вазъиятро метавон ба вузуҳ дар мувоҷеҳ шудани бархе кишварҳои минтақаи Ховари миёна ва низ бархе аз кишварҳои ғарбии ҳомии террористҳо бо таҳаррукоти терроризми байналмилал мушоҳида кард.

Дар чунин шароите сиёсати дугонаи Ғарб дар мубориза бо терроризм ва ҷудо кардани он ба хубу бад, минтақаи Ховари миёна ва аз ҷумла Сурияро ба маркази терроризм табдил кард. Террористҳое ки аз Аврупо, Амрико, Осиё, Осиёи Марказӣ ва шимоли Африқо худро ба Сурия расонданд, ҳадафе ҷуз нобудии амният ва тарғиби сиёсати тарсу ваҳшат надоранд ва барномаи онон намоиши ваҳшат дар баробари ҷаҳониён аст.

Дар чунин шароите истодагии мардум ва артиши Сурия дар баробари терроризм садде муҳкам барои нобудии одамкушони ваҳшӣ аст ва тақвияти ин ҷабҳаи воқеии ҷанг бо терроризм сиёсате усулӣ аст, ки Ғарб бояд ба он таваҷҷуҳ дошта бошад.

Барчасп