Декабр 14, 2022 18:25 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ 35-умин солрӯзи таъсиси Ҳамос; муқовимат ҳамроҳ бо сиёсат

35-умин сол аз таъсиси Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) мегузарад. Ин ҷумбиш дар таърихи 14 декабри соли 1987 тавассути Шайх Аҳмад Ёсин ва шуморе аз раҳбарони Ихвонулмуслимин дар Борикаи Ғазза ташкил шуд.

Ҳамос аз ҷумлаи гуруҳҳои фаластинӣ аст, ки пас аз таъсис нақши пуррангеро дар таҳаввулоти ин кишвар ва ҳамчунин дар сатҳи минтақаи ғарби Осиё ифо кард. Ҳамос ҳам ба муқовимат ва ҳам ба мушорикат дар умӯри сиёсӣ эътиқод дорад. Ин ҷумбиш аз ҷумбишҳои пешрав дар мубориза бо режими ишғолгари Қудс аст ва ҳамвора ҳадафи хусӯмату ҷинояти ин режиму муттаҳидони ғарбӣ ва меҳвари созишкори арабӣ қарор гирифт.

Таъсиргузории Ҳамос бар муқовимат дар Фаластину минтақа сабаб шуд ин ҷумбиш аз сӯи меҳвари ғарбӣ ва бархе аз муттаҳидонаш дар зумраи гурӯҳҳои террористӣ қарор гирад. Ин дар ҳоле аст, ки Ҳамос аз қурбониёни терроризми давлатии режими Исроил аст ва шумори зиёде аз раҳбарону аъзои он тавассути ин режим террор шуда ва ба шаҳодат расиданд. Далели террористӣ хондани Ҳамос низ ин аст, ки битавонанд бо ин баҳона, зимни тазъифи он, аз ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ низ ҳимоят кунанд.

Илова бар ин, дар бораи Ҳамос дар даруни кишварҳои арабӣ низ иҷмоъ вуҷӯд надорад. Дар ҳоле, ки кишварҳое назири Арабистону Иморот ҳеҷгӯна иртиботе бо Ҳамос надоранду рӯйкарди тақобулӣ бо он дар пеш гирифтаанд, кишварҳое назири Қатар равобити ҳасанае бо ин ҷумбиши фаластинӣ доранд ва аз он ҳимоят мекунанд. Далели ҳимояти Қатар аз Ҳамос наздик будани он Ихвонулмуслимин ва доштани гароишоти ихвонӣ аст, аммо илали аслии рӯйкарди тақобулии Арабистону Иморот ва бархе кишварҳои дигари арабӣ бо Ҳамос марбӯт ба ҷойгоҳи он дар меҳвари муқовимат ба раҳбарии Эрон, мухолифати он бо созиш бо режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин адами пайравии он аз сиёсатҳои минтақаии Риёз аст. Ба ҳамин далел дар солҳои ахири шумори зиёде аз аъзои Ҳамос дар Арабистони Саудӣ боздошт ва муҳокима шуданд.

Мавзӯи дигар ин аст, ки Ҳамос зимни инки дар ҳавзаи низомӣ фаъолият мекунад ва дар ҷиҳати тақвияти муқовимат қадам бармедорад, ба фароянди интихоботу мушорикати сиёсӣ дар Фаластин низ эътиқод дорад. Дар ҳамин росто, Ҳамос дар интихоботи порлумонии соли 2005 Фаластин ширкат кард ва муваффақ шуд аксарияти порлумонро дар ихтиёр гирифта ва ҳатто кабина ҳам ташкил дод, аммо Ташкилоти худгардон пас аз муддати кӯтоҳе ҳозир ба пазириши давлати Ҳамос нашуду кабинаи Исмоил Ҳания пас аз 15 моҳ дар июни 2007 фурӯпошид. Пирӯзӣ дар интихоботи соли 2005 бархӯрдории Ҳамос аз пуштвонаи густардаи мардумӣ дар Фаластинро собит кард ва ба ҳамин далел низ аз соли 2005 токунӯн интихоботе дар Фаластин баргузор нашуд. Ташкилоти худгардон нигарон аст бо баргузории интихобот, заминаи пирӯзии муҷаддади Ҳамос ва ташкили давлати ҷадид тавассути ин ҷумбиш фароҳам шавад.

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар суханоне ба муносибати 35-умин солрӯзи таъсиси ин ҷумбиш гуфт: «Ҳамос байни муқовимат ва сиёсати пайванд барқарор кард ва сиёсат ҳаргиз дар муқобили пружаи муқовимат набуда ва ҳатто замоне, ки мо дар интихобот пирӯз шудему давлат ташкил додем, муқовиматро ҳифз кардему муқовимат дар сояи давлати Ҳамос рӯз ба рӯз қавитар шуд то ҷое, ки кор ба ташкили артиши Қисом ба фармондеҳии Муҳаммад Заиф кашида шуд.»

Нуктаи муҳими дигар дар бораи Ҳамос ин аст, ки роҳбурдҳои ин ҷумбиш дар ҷиҳати дифо аз Фаластину ормонҳои он, муқовимат дар муқобили режими саҳюнистӣ, ҳимоят аз моҳияту ҳувияти фаластинии Қудсу Масҷидулақсо ва озодии асирони дарбанди фаластинӣ аст. Дар ҳамин росто, Исмоил Ҳания, таъкид кард, ки Ҳамос аз замони таъсис бар мавозеъи сиёсии худ собит буда ва стротежии он, возеҳ ва равшан аст ва ҳаргиз тағйире дар усӯлу мавозеъи он ва шеваи набард бо душмани саҳюнистӣ рух намедиҳад.

 

Барчасп