Декабр 16, 2022 18:22 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими додгоҳҳои исроилӣ
    Таҳрими додгоҳҳои исроилӣ

Бар асоси ҷадидтарин гузоришҳо беш аз ҳаштсад фаластинӣ дар боздошти идорӣ ба сар мебаранд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, бошгоҳи асирони  фаластинӣ рӯзи панҷшанбе эълом кард, теъдоди асирони фаластинӣ, ки дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар боздошти муваққат ба сар мебаранд то поёни моҳи ноябр ба 835 нафар расидааст.

Ин ниҳоди фаластинӣ дар баёнияе таъкид кард, 80 асири боздоштии муваққат вобаста ба ҷабҳаи мардумӣ будаву бештари онон дар ду зиндони Офер ва Ал-нақб ҳастанд.

Дар идомаи ин баёния омадааст: Иддаи дигаре аз асирони боздошти муваққат аз созмонҳову гуруҳҳои дигар низ тасмим гирифтанд додгоҳҳои исроилиро таҳрим кунанд. Ин иқдом яке аз муҳимтарин талошҳое аст, ки асирони боздошти муваққат аз ибтидои соли ҷорӣ ба дунболи тақвияти он буда то аз ин тариқ бо иқдоми ҷиноятгунаи боздошти муваққат тавассути саҳюнистҳо муқобила кунанд.

Бошгоҳи усарои фаластинӣ таъкид кард, таҳрими додгоҳҳои исроилӣ яке аз муҳимтарин иқдомоти муборизотӣ аст, ки дорои абъоди миллӣ дар тақобул бо сохтори қазоии режими саҳюнистӣ аст, зеро ин ниҳоди исроилӣ ба дунболи қувват бахшидан ба раванди ҷинояткоронаи боздошти муваққат аз роҳкорҳои мухталиф аст.

 

Барчасп