Вокуниши Абдуллоҳи II ба эътирозоти мардумӣ дар Урдун
Подшоҳи Урдун дар вокуниш ба эътирозоти мардумӣ дар ин кишвару кушта шудани яке аз афсарони аршади нерӯи полис таъкид кард, бо касоне, ки ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла ва ба амволи умумӣ осеб бизананд, бо қотеъият бархӯрд мешавад.
Эътирозҳо алайҳи афзоиши қимати сӯхт дар минтақаи Ал Ҳусайния ва дигар шаҳрҳо дар ҷануби Урдун оғоз шудааст.
Абдуллоҳи II, подшоҳи Урдун дар маросими хатми афсари полиси ин кишвар, ки дар ҷараёноти нооромиҳо ва эътирозоти мардумӣ кушта шуд, гуфт, мо тавҳину ҳамла ба неруҳои амниятии худро, ки муроқиби амнияти меҳан ва шаҳрвандон ҳастанд, намепазирем.
Подшоҳи Урдун афзуд, ҳамалоту иқдомоти харобкорона ба таври ҷиддӣ, амнияти кишварро ба хатар меандозад ва ниҳодҳои давлатӣ ҳамаи иқдомотро барои посухгӯ кардани қонӯншиканон анҷом хоҳанд дод.
Созмони амнияти умумии Урдун пештар эълом карда буд, дар пайи густариши эътирозот ба афзоиши қимати сӯхт дар ин кишвар, Абдурразоқ Абдулҳафиз, муовини раиси полиси устони Маъон тайи як тирандозӣ кушта шудааст.