Декабр 18, 2022 13:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушаки ба пойгоҳи низомиёни Амрико дар шимоли шарқи Сурия
    Ҳамлаи мушаки ба пойгоҳи низомиёни Амрико дар шимоли шарқи Сурия

Пойгоҳи неруҳои амрикоӣ воқеъ дар майдони нефти дар шимоли шарқи Сурия шанбешаб ҳадафи мушаки қарор гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Спутник эълом кард пойгоҳи майдони нефтии Алумра, ки бузургтарин пойгоҳи низомии неруҳои амрикоӣ дар шарқи Дирлзур аст шанбе шаб ҳадафи ҳамлаи ношинос қарор гирифт, ки дар ҷараёни он атрофи пойгоҳ ва минатақи сабз дар дохили майдони Алумра шоҳиди чунин инфиҷор буд.

Спутник ба нақл аз манобеъи маҳалаии сури гузориш дод, ки майдони нефтии Алумра тавре ҳадаф қарор гирифт, ки садои инфиҷор дар тамоми деҳаҳҳои ин минтақа ба гуш расида буд.

Пас аз ин инфиҷорҳори саҳмгин ҷангандаҳои амрикоӣ ва паҳподҳои он дар осмони шаҳракҳо ва рустоҳои атрофи майдони Алумра ба сурати густарда ба парвоз даромаданд.

То кунун мизони хисоратҳо ва захмиҳои эҳтимоли дар миёни низомиёни амрикоӣ эълом нашуда аст.

Майдони нефтии Алумра 23 ноябр низ ҳадафи ҳамлаи мушаки ва рокети қарор гирифт.

Бузургтарин пойгоҳоҳи амрикоӣ дар канори ҳавзаи нефтии Алумра дар шарқи устони Дерлзур қарор дорад ҳавзаи нефтии Алумра бузургтарин ҳавзаи нефтии Сурия аст.

Ишғолгарони амрикоӣ дар чанд соли ахир иқдом ба ғорати манобеъи нефтии Сурия карданд.

 

Барчасп