Фавод Ҳусайн : Набояд аз хоки Ироқ ба Эрон ҳамлае сурат бигирад
Вазири хориҷаи Ироқ бо ишора ба иқдомоти гурӯҳҳои таҷзияталаби мухолифи Эрон дар минтақаи Курдистон эълом кард, набояд Эрон дар маърази ҳамалоте қарор гирад, ки аз хоки Ироқ сарчашма мегирад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Фавод Ҳусайн-вазири хориҷаи Ироқ дар робита бо ҳамалоти мушакии Эрон ба мавозеъи гуруҳҳои таҷзияталаб дар минтақаи Курдистони Ироқ ва ё гуфтугӯ бо Эрон барои таваққуфи ин ҳамалот гуфт, музокироти бардавоме бо Эрон дар ин замина вуҷуд дорад ва ҳайати бузурге барои ин кор ташкил шудааст.
Вазири хориҷаи Ироқ таср Фавод Ҳусайн афзуд: Қабл аз сафари Муҳаммадшиёъ Алсудонӣ-нахуствазири Ироқ ба Эрон сафар кардам, сипас ба ҳамроҳи ӯ ба Эрон рафтам ва баъд аз он бо як ҳайати амниятӣ ва сиёсии эронӣ дидор доштам. Қарор аст Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи Эрон дар иҷлоси Бағдод- 2 дар Урдун ширкат кунад ва дар онҷо бо ӯ дидор хоҳам дошт ва саъй хоҳем кард барои поёни ҳамалоти Эрон ба тавофуқ бирасем.еҳ кард: Ироқ ба Қонуни асосӣ пойбанд аст ва набояд Эрон дар маърази ҳамалоте қарор бигирад, ки аз хоки Ироқ сарчашма мегирад. Хостаҳои Эрон расман эълом шуд. Эрониҳо мегӯянд, ки онҳо иҷоза намедиҳанд аҳзоби сиёсии (таҷзияталаб) дар Курдистон Ироқ мусаллаҳ бошанд ва бихоҳанд зидди Эрон ҳамалоте анҷом диҳанд ва бо убур аз марзҳо вориди кишварашон шаванд.
Вазири хориҷаи Ироқ гуфт: Бад-ин манзур кумитаи амниятӣ ва музокира ташкил шудааст, ки минтақаи Курдистон дар он ҳузур дорад. Эрон расман эълом карда, ки аҳзоби курди мухолифи Эрон, ки дар минтақаи Курдистони Ироқ ҳузур доранд, бояд орӣ аз ҳар гуна силоҳ бошанд.
Нируи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 24 сентябр низ баъд аз ихторҳои мукаррар ба гурӯҳакҳои террористии таҷзияталаб, ҳамалот сангинеро зидди мавозеъи онон анҷом дод ва эълом кард, то замоне, ки таҳаррукоти террористии онон мутаваққиф нашавад,ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ идома пайдо хоҳад кард.
Ҳамалот алайҳи террористҳои таҷзияталаб дар шароите анҷом мешавад, ки Эрон борҳо ҳушдор дода буд дар сурате, ки давлат Ироқ иқдоме дар хусуси бархурд бо ин гурӯҳҳо анҷом надиҳад, ба ҳамалоти худ алайҳи ин гурӯҳҳо дар минтақаи Курдистон идома хоҳад дод.