Декабр 26, 2022 11:36 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ : Тавоноии ҳадаф қарор додани умқи  ҷуғрофиёи кишварҳои мухталифро дорем

Вазири дифоъи давлати Наҷоти миллии Яман бар омодагии нерӯҳои мусалаҳи ин кишвар барои бархурди қотеъона бо ҳаргуна амалиёти хасмонаи эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ таъкид кард

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл аз рӯзи душанбеи вебгоҳи Ал-Масир Муҳаммад Носир Алотифӣ вазири дифоъи давлати Наҷоти миллит Яман гуфт: Нерӯҳои мусалаҳ бархурди қотиъона бо ҳаргуна амалиёти хасмона аз сӯйи эътилофи Саъудӣ бо муздурони он ҳастанд.

Муҳаммад Носир Алотифӣ тарсеҳ кард: Мутаҷовизон дар ҳоли сарусомон додан ба увзоъи худ ва омодаги барои тадовуми таҷовузот, тасбити ҳузӯрашон дар устонҳо, манотиқ ва ҷазоири яманӣ таҳти ишғоли Саъудӣ-Иморот ҳастанд.

Вазири дифоъи давлати Наҷоти Миллии Яман ҳамчунин тасреҳ кард: Артиши ин кишвар тавоноии комил барои  баҳрагири аз тавони зарбатии худ барои муқобила бо мутаҷовизон ва ҳадаф қарор додани умқи ҷуғрофиёи кишварҳои мутаҷовиз ва таъсисоти ҳайёти ва муҳими онҳоро дорад.

Арабистони Саъудӣ аз шашуми фарвардини 94 дар қолаби эътилофи аз чанд кишвари арабӣ аз ҷумла Иморот ва бо кумак ва чароғи сабзи Амрико ва ҳимояти режими саҳюнистӣ, ҳамалоти густардаеро алайҳи Яман-фақиртарин кишвари арабӣ-оғоз кард.