Дархости Афви Байналмилал барои озодии Шайх Алӣ Салмон
Созмони Афви Байналмилал дар вокуниш ба таъйиди ҳукми ҳабси 9-солаи Шайх Алӣ Салмон, рӯҳонии мубориз ва дабири кулли бузургтарин ҷамъияти сиёсии мухолифи ҳукумат дар Баҳрайн озодии фаврии ӯро хостор шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Созмони Авфи Байналмилал ба зарурати озодии фаврӣ ва беқайду шарти Шайх Алӣ Салмон ба ҷойи муҷозоти ӯ ба далели интиқодоти мусолиматомез таъкид кард.
Додгоҳи таҷдиди назари Баҳрайн имрӯз, душанбе дар ҳукме Шайх Алӣ Салмон, рӯҳонии муборизи ин кишварро ба 9 соли ҳабс маҳкум кард. Шайх Алӣ Салмон дабири кулли Ҷамъияти “Вифоқ”, бузургтарин ҷамъияти сиёсии мухолифи ҳукумат дар Баҳрайн аст, ки ҳукумат фаъолияти ин ҷамъиятро боздошта, дабири онро зиндонӣ кардааст.
Як манбаъ аз додгоҳи Баҳрайн гуфтааст, ки иттиҳоми Шайх Алӣ Салмон «таблиғ барои тағйири режими Баҳрайн бо истифода аз зӯр» унвон шудааст. Пеш аз ин, моҳи июли 2015 Шайх Алӣ Салмон ба 4 соли ҳабс маҳкум шуда буд.