Декабр 31, 2022 13:07 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қатъномаи зиддисаҳюнистӣ дар Маҷмаъи умумии Созмони Миллал

Маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар қатъномае изҳори назари Девони байналмиллалии додгустариро дар бораи иқдомоти режими ишғолгари саҳюнистӣ хостор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизиюнии Алмаёдин, Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае назари машваратии Девони байналмиллалии додгустариро дар бораи нақзи ҳақи таъйини сарнавишти фаластиниҳо ба дасти режими ишғолгари Исроил хостор шуд .
Ин қатънома бо 87 раъйи мувофиқ тасвиб шуд, 26 кишвар бо он мухолифат карданд ва 53 кишвари ҳам ба он раъйи бетарафона доданд .Маҷмаъи умумии Созмони Миллал
дар ин қатънома  изҳори назари Девони байналмиллалии додгустариро дар бораи иқдомоти режими ишғолгари Исроил дар ростои тағйири бофти ҷамъиятии Қудси ишғолӣ, қонунгузориҳову тарҳҳои нажодпарастонаи режими ишғолгар алайҳи фаластиниҳо ва таъсири сиёсатҳову иқдомоти ин режим бар вазъи ҳуқуқии ишғолгарӣ дар Фаластин хостор шудааст .
Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, Гилъод Орадони, намояндаи Тел-Авив дар Созмони Миллал ба иллати таътилоти рӯзи шанбе дар ҷаласаи Маҷмаъи умумии Созмони Миллал
ширкат накард .

 

 

Барчасп