Январ 01, 2023 14:29 Asia/Dushanbe
  • Раиси ташкилоти худгардони Фаластин: Тавтеаҳои саҳюнистҳоро нақши бар об хоҳем кард
    Раиси ташкилоти худгардони Фаластин: Тавтеаҳои саҳюнистҳоро нақши бар об хоҳем кард

Раиси ташкилоти худгардони Фаластин гуфт: Ҳамонгунае, ки муъомилаи қарнро хунсо кардем тамоми тавтеаҳои режими ишғолгари саҳюнистиро нақши бар об хоҳем кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории фаластинии Само, Маҳмуд Абос раиси ташкилоти худгардони Фаластин шанбешаб дар маросими солгарди ҷунбиши Фатҳ хитоб ба саҳюнистҳо гуфт: Ҳарчи бар шиддати таҷовузгарии шумо афзуда шавад ирода ва қудрат ва исрори мардуми Фаластин дар баробари душманӣ ва терроризми шумо шиддат хоҳад гирифт ва онҳо пойбандии бештар ба хок ва ҳуқуқи миллӣ машруъ ва қонунии худ пайдо хоҳанд кард.

Раиси ташкилоти худгардон афзуд нақшаҳои кобинаи тундрав ва ифротии саҳюнистӣ бо суботқадамии мардуми Фаластин дар хоки худ шикаст хоҳад анҷомид.

Раиси ташкилоти худгардони Фаластин ҳушдор дод танҳо сулҳу амният барои мардуми Фаластин расидани ин миллат ба ҳуқуқи онҳо ва ин ки давлати озод ва мустақили фаластинӣ бо тамомияти арзи ва ба марказияти Қудс ташкил шавад чаро, ки идомаи таҷовузгари зидди фаластиниҳо ҳаргиз амният ва сулҳро барои ҳеҷкасе ба армуғон нахоҳад овард.

Фатҳ бо номи комили ҷунбишиозодибахши Фаластин дар соли 1959 тавассути Ёсер Арафот ва Халил Алвазир бо ҳадафи озодии Фаластин аз сайтараи саҳюнистҳо бунёнгузори шуд.

 

Барчасп