Январ 05, 2023 12:46 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати беш аз 2 ҳазор фаластинӣ бо ҳамалоти паҳподии режими саҳюнистӣ

Маркази ҳуқуқи башари Мизони Фаластин дар гузорише эълом кард, ки аз соли 2000 то соли 2022 , ҳудӯди 2 ҳазору 146 нафар дар натиҷаи мӯшакҳои паҳподҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории "Само"-и Фаластин, маркази ҳуқуқи башари Мизони Фаластин рӯзи панҷшанбе дар гузорише эълом кард, аз соли 2000 то 2022, ҳудӯди 2 ҳазору 146 нафар дар натиҷаи мӯшакҳои паҳподҳои режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд, ки аз ин афрод, 378 нафар кӯдак ва 86 занро шомил мешавад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: Аз ин теъдод , 349 нафар дар дохили хонаҳои худ дар натиҷаи шиллики мӯшак ба шаҳодат расиданд, дар ҳоле, ки се ҳазору 332 воҳиди маскӯнӣ низ дар натиҷаи шиллики мӯшак осеб дидааст.

Дар ҳамин росто, дафтари ҳамоҳангкунандаи умӯри башардӯстона дар арозии ишғолӣ низ дар тозатарин гузориши худ навишт, ки соли 2022 хунинтарин сол барои фаластиниҳо аз сол 2005 буда, ба тавре, ки дар ин сол 230 тан ба зарби гулӯлаи саҳюнистҳо кушта шуданд.

Бар асоси ин гузориш, аз маҷмӯи шумори кушта шудаҳои фаластинӣ, 171 тан дар Каронаи Бохтарӣ, 53 тан дар Навори Ғазза ва 6 тани дигар дар арозии ишғолии соли 1948 ба шаҳодат расиданд.

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки дар соли 2022, 9 ҳазору  335 фаластинӣ низ дар муқобила бо артиши режими ишғолгар ё ба ҳангоми юриши низомиёни саҳюнист ба манотиқи фаластинӣ захмӣ шуданд.

 

Барчасп