Январ 09, 2023 17:22 Asia/Dushanbe
  • Муҳосира - ҳамон ҷанг аст
    Муҳосира - ҳамон ҷанг аст

Ду рухдоди ҷадид дар иртибот бо ҷанги Яман рӯй додааст, ки ҳар ду муҳиму таъйинкунанда аст.

Нахуст, талоши Ансоруллоҳи Яман барои поён додан ба вазъияти на ҷангу на сулҳ аст, ки аз ҳудуди се моҳи пеш ва пас аз тамдид нашудани оташбаси думоҳа бар ин кишвар ҳоким шудааст, ки ин вазъият ҳарчанд бо манофеи давлатҳои мутаҷовизи саудӣ ва иморотӣ, режими саҳюнистӣ ва Ғарб созгор аст ва ҳар як аз онҳо ба тариқе аз ин фазо нафъ мебаранд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ таъминкунандаи манофеи давлати Наҷоти миллии Яман ва мардуми ин кишвар нест ва ба ҳамин иллат тайи рӯзҳои ахир, ҳамзамон бо эъломи сиёсати давлати Наҷоти миллӣ ба раҳбарии Ансоруллоҳ барои поён додан ба вазъияти на ҷангу на сулҳ, мардуми Яман дар манотиқи мухталифи ин кишвар бо баргузории тазоҳурот аз ин сиёсат ҳимоят кардаанд ва муҳимтарин шиори ин тазоҳурот “Муҳосира - ҳамон ҷанг аст” будааст.

Оморҳои мунташиршуда аз талафоти инсонии таҳмили ҷанги 8 сола бар Яман ва ҳамчунин харобиҳои ношӣ аз он нишон медиҳад, ки теъдоди талафоти инсонии ношӣ аз муҳосира ба маротиб бештар аз талафоти мустақими даргирии низомӣ будааст.

Дар ҳоле ки омори талафоти мустақими ҷанг ҳудуди 47 ҳазор нафар эълом шуда, аммо талафоти ғайримустақими ношӣ аз муҳосира беш аз 300 ҳазор нафар будааст, ки умдатан кӯдаконро ҳадаф қарор додааст.

Тибқи гузориши ҷомеи Созмони Милали Муттаҳид, ки чанд моҳи пеш мунташир шуд, тахмин зада шудааст, ки 377 ҳазор яманӣ дар ҷараёни таҷовузи низомӣ ба Яман ҷон бохтаанд, ки аз ин миён тақрибан 70 дарсад аз қурбониён кӯдакони зери 5 сол будаанд.

Ҳамчунин тибқи Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид тақрибан 60%, муодили 226 ҳазор нафар аз ин маргумирҳои тахминии Яман ба далоили ғайримустақим монанди бемориҳои қобили пешгирӣ ё адами дастрасӣ ба ғизо, об ва муроқибатҳои беҳдоштӣ будааст.

Барномаи тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид тахмин мезанад, ки дар сурати идомаи ҷанг дар Яман то соли 2030 рақами талафоти инсонӣ дар Яман афзоиш ёфта ва 1. 3 миллион нафар ҷони худро аз даст хоҳанд дод.

Аммо рухдоди муҳим дар иртибот бо ҷанги Яман эъломи омодагии Арабистон ва шахси Бин Салмон барои хуруҷ аз Яман дар ивази дарёфти тазминҳои амниятӣ аз Ансоруллоҳ аст. Ин рухдод баъд аз он рӯй дод, ки давлати Наҷоти миллии Яман ба раҳбарии Ансоруллоҳ зарбулаҷали фаврӣ ва кӯтоҳмуддатро барои таъйини таклифи поён додан ба вазъияти на ҷангу на сулҳ мушаххас кард, ки тайи он ба навиштаи рӯзномаи “Алахбор” бояд ё сулҳе, ки дар он шурути давлати Санъо пазируфта шудааст, барқарор шавад ва ё ҷанге, ки дар он метавонад шурути худро таҳмил кунад, шуруъ шавад.

Ин шурути чаҳоргона иборатанд аз: 1 - рафъи муҳосира, 2 - адами мудохила дар умури дохилии Яман, 3 - пардохти ғаромат ва 4 - хуруҷ аз Яман.

Бар ин асос ба навиштаи “Алахбор”, тӯб акнун дар замини Арабистон аст, зеро Санъо муътақид аст Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ метавонад ба бисёре аз пурсишҳо посух диҳад. Имрӯз Арабистон пас аз муваффақияти ҳамсояи кучактари худ Қатар дар созмондеҳии Ҷоми Ҷаҳонии Футбол, ки ба улгӯи "муваффақ" ва рақобате, ки Иморот, дигар ҳамсояву шарики Риёз дар ҷанги Яман дар сатҳи иқтисодиву тиҷорати ҷаҳонӣ ироа мекунад, изофа мешавад, бар ин тасаввур аст, ки "ҷангаш дар воқеъ ҷанги манобеъ ва иқтисод" аст.

Бар ин асос, ба назар мерасад, ки Арабистон ва шахси Бин Салмон акнун ба ин натиҷа расидааст, ки идомаи ҷанги Яман ба зарари ин кишвар аст ва ба қавли як зарбулмасали эронӣ ҷулуи зарарро саривақт бигирӣ манфиат аст, аммо суол дар ин аст, ки оё Амрико ва бахусус режими саҳюнистӣ, ки аз ҳамон ибтидо дар таҳрики Бин Салмон ва Бин Зойд барои таҷовузи низомӣ ба Яман дасту нақш доштааст, иҷозаи ин бознигарӣ ва гирифтани ҷулуи зарарро ба Арабистон ва Бин Салмон хоҳад дод ё на?

 

Барчасп