Январ 10, 2023 11:16 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Сурия аз давлати ин кишвар хостанд барои таъмини об ва наҷоти сокинони ин манотиқ талош кунанд
    Мардуми Сурия аз давлати ин кишвар хостанд барои таъмини об ва наҷоти сокинони ин манотиқ талош кунанд

Неруҳои Туркия ҳудуди як миллион нафар аз сокинони шаҳри Алҳасакаи Сурия ва атрофи ғарбии онро аз оби ошомиданӣ маҳрум кардаанд,ки ин амр мӯҷиби ташдиди мушкилот шудааст .

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Алолам, мардуми Сурия аз давлати ин кишвар хостанд барои таъмини об ва наҷоти сокинони ин манотиқ талош кунанд .
Бо вуҷуди идомаи иқдомоти Туркия дар тӯли хутути лӯлаи интиқоли об ва хати таниш дар минтақаи махзани оби Алок, мақомоти давлатӣ талошҳои зиёдеро барои ҳалли ин мушкил ва таъмини оби ошомидании сокинон ва роҳандозии таъсисоти обширинкун дар маркази ин шаҳр анҷом медиҳанд .

Анвар Акла-мудири созмони оби Алҳасака гуфт  дар ҳоли ҳозир аз тариқи созмонҳои байналмиллалӣ барои таъмини оби  ошомиданӣ ба василаи танкерҳо талош мекунем ва ҳудуди чаҳорсад махзан дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳр қарор дода шуда ва оби онро аз атрофи шаҳр таъмин мекунем .
Бо эҳтисоби таъсисоти обширинкун рӯзона ҳудуди панҷ ҳазор метри мукааби об таъмин мешавад, аммо ин бахши кӯчаке аз ниёзи шаҳрвандонро бартараф мекунад.

Талошҳо барои таъмини оби махозини таъсисоти обширинкун ва махозини тавзиъшуда дар маҳаллаҳои ин шаҳр ба шиддат идома дорад, ба вижа инки мавориде аз шуюъи вируси вабо дар устони Алҳасака шиносоӣ шудааст, ки ҳушдоре дар бораи ташдиди авзоъ аст .
Неруҳои Туркия бо ин иқдомоти худ ба боҷи хоҳӣ аз сокинони шаҳри Алҳасака ва атрофи ғарбӣ идома медиҳанд ва ин шаҳрвандон аз як сӯ бо неруҳои Туркия мувоҷеҳанд ва аз сӯии дигар бо неруҳои туркӣ, ки ин минтақаро ба тарафи ояндаи норушан мекашонад .
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп