Январ 11, 2023 14:26 Asia/Dushanbe
  • Мақоми яманӣ: Авзоъи инсонии Яман дар садри парвандаи сиёсӣ ва музокироти Санъо қарор дорад
    Мақоми яманӣ: Авзоъи инсонии Яман дар садри парвандаи сиёсӣ ва музокироти Санъо қарор дорад

Сухангӯ ва раиси ҳайати музокира кунандаи Давлати Наҷоти Милли Яман таъкид кард: Авзоъи инсонии Яман дар садри парвандаи сиёсӣ ва музокироти Санъо қарор дорад.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии "Алмариса " Муҳаммад Абдуссалом , сухангӯ ва раиси ҳайати музокира кунандаи Давлати Наҷоти Миллии Яман дар саҳифаи шахсии худ дар Твиттер навишт: Сафари ҳайати уммонӣ ба Санъо дар ин марҳила, дар чорчӯби такмили дидорҳои ахир ва интиқоли паёмҳои мутаъаддид сурат гирифт.

Абдуссалом афзӯд: Дидорҳои муътаъддид ва мутақобил байни Санъо ва Маскат баёнгари ҷидияти мо дар дастёбӣ ба тадобири малмус барои ҳалу фасли умур аст ва акунун масъала ба мизони ҷидияти тарафи муқобил бастагӣ дорад.

Сухангӯт ҳайати музокира кунадаи Давлати Наҷоти Миллии Яман дар бахше дигар аз "Твиттери" худ ишроа ба ин,ки, садои миллати Яман таъсир бисёр зиёде бар сайри таҳавулоти сиёсӣ ва натиҷаи музокирот дорад. Авзоъи инсониро дар садри парвандаи сиёсӣ ва музокироти Санъо унвон кард.

Пеш аз ин низ Абдуссалом дар суханоне бо баёни ин, ки суҳбат аз оташбаси доим бояд бо рафъи муҳосираи доимӣ, пардохти ҳуқуқҳо ва хуруҷи ишғолгарон ҳамроҳ бошад, таъкид карда буд: Дар фазои печида ва бӯҳронҳо инсонӣ ва иқтисодӣ наметавон ба музокираи сиёсӣ пардохт ва ҳар гуна иқдоми иқтисодие, ки кишвари моро ҳадаф қарор диҳад, мумкин аст моро ба нуқтаи аввал бозгардонад.

Барчасп