Январ 16, 2023 11:23 Asia/Dushanbe
  • Дамишқ ва Бағдод хостори нақзи ҳокимияти Сурия ва Ироқ тавассути низомиёни артиши Туркия ҳастанд
    Дамишқ ва Бағдод хостори нақзи ҳокимияти Сурия ва Ироқ тавассути низомиёни артиши Туркия ҳастанд

Туркия дар идомаи таъаруз ба хоки Сурия, ёздаҳ узви коргарони Курдистон (ПКК) ро дар шимоли ин кишвар ҳадаф қарор дод.

Муътақидони Анкара бар ин боваранд, ки ҳизби ҳокими Туркия (адолат ва тавсиа) барои саркубии садои мухолифон, асомии шахсиятҳо ва аҳзобҳои мухолифи давлатро дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор медиҳад ва П К К яке аз ин аҳзоб аст. Низомиёни турк дар набард бо ин ҳизб, ҳатто ба рағми эътирози мукаррари Бағдод ва Дамишқ, шимоли Ироқ ва Сурияро низ ҳадаф қарор медиҳад. Вазорати дифоъи Туркия ҳар рӯз гузорише аз ҳамалоти анҷом гирфта дар хоки ин  ду кишвар ва талафоти П К К мунташир мекунад.

Ба гузориши шабакаи радио телевизионии Ти Ор Ти, Вазорати дифоъи Туркия дирӯз якшанбе эълом кард, ёздаҳ узви П К К -ро дар манотиқи амалиёти  дар шимоли Сурия ҳадаф қарор додааст.

Дари  баёнимяи Вазорати дифоъи Туркия омадааст, аъзои П К К дар ин минтақа ба нерӯҳҳои турк ҳамла карда буданд.

Дамишқ ва Бағдод хостори нақзи ҳокимияти Сурия ва Ироқ тавассути низомиёни артиши Туркия ҳастанд. Аммо Анкара то кунун ба ин матолиб камтарин таваҷуҳе накардааст.

Сухангуи раёсат Ҷумҳӯрии  Туркия дирӯз якшанбе гуфт, амалимёти заминӣ дар хоки Сурия дар ҳар шакле, ки мумкин бошад идома дорад.

Барчасп