Январ 16, 2023 21:07 Asia/Dushanbe
  • Хашми фаластиниён аз ҷинояти саҳюнистҳо

Ҷинояти ҷадиди низомиёни ишғолгари исроилӣ дар ба шаҳодат расондани як фаластинии бедифо, хашми фаластиниёнро аз танишофаринии ин режим барангехт.

Аҳмад Ҳасан Каҳла, шаҳрванди 45 солаи фаластинӣ рӯзи гузашта (якшанбе), пас аз анҷоми амалиёти зиди саҳюнистӣ дар шаҳри Ромуллоҳ, ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расид.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Ташкилоти худгардон ва гуруҳҳои муборизи фаластинӣ ҷинояти ҷадиди низомиёни саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани Аҳмад Каҳларо маҳкӯм карданд.

Маросими ташйиъи пайкари шаҳиди Куҳла бо шиорҳое барои дархост гирифтани интиқоми хуни ин шаҳид ҳамроҳ буд.

Ширкаткунандагон дар ин маросим, сукути ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари ҷиноятҳои режими Исроил дар ҳаққи фаластиниён, маҳкӯм карданд.

Дар ин гузориш омадааст, Аҳмад Ал Дик, мушовири сиёсии вазири умӯри хориҷаи Фаластин ба таври мустамар дар тамос бо дафтари додситони Додгоҳи байналмилалии кайфарӣ, ин мавзӯро пайгирӣ ва гузоришҳои давраӣ дар бораи ташдиди ҷинояти низомиёни режими саҳюнистӣ барои он ирсол кард.

 

Барчасп