Январ 18, 2023 10:38 Asia/Dushanbe
  • Парвози густардаи паҳподҳои исроилӣ дар осмони Ғаза
    Парвози густардаи паҳподҳои исроилӣ дар осмони Ғаза

Манбаъи фаластинӣ аз парвози густардаи паҳподҳои режими саҳюнистӣ дар осмони борикаи Ғаза хабар дод.

Ба гузоришии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзи чаҳоршанбеи маркази  иттилоърасонии Фаластин, паҳподҳои ҷосусии артиши режими саҳюнистӣ аз субҳи рӯзи гузашта (сешанбе) ба таври густарда дар осмони манотиқи мухталифи борикаи Ғаза ба гаштзанӣ мепардозанд ва ҳанӯз осмони ин минтақаро тарк накардаанд.

Манобеъи фаластинӣ зимни ҳушдор дар мавриди ҳаргуна амалиёти расади ва ҷосусии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғаза, бар зарурати огоҳӣ ва ҳушёрии гурӯҳҳои муқовимат таъкид карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта нерӯҳои муқовимати Фаластин дар чандин амалиёти тирандозии  истҳои бозрасӣ ва гаштҳои артишии режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ руди Арданро ҳадаф қарор доданд.

Ба изъони манобеъи Ибрӣ, бомдоди рӯзи гузашта (сешанбе ) дар се амалиёти тиоандозии шаҳраки саҳюнистнишин, исти бозрасии Аррайҳон  ҳадаф қарор гирифтанд.

Гурӯҳи муқовимати вобаста ба гардонҳои Қудс, шохаи низомии ҷунбиши ҷаҳоди исломӣ бо судури баёнияе аз ҳадаф қарор додани низомиёнӣ саҳюнист дар минтақаи Қуботия дар ҷануби Ҷнин хабар дод.

Барчасп