Январ 19, 2023 10:40 Asia/Dushanbe
  • Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ
    Юриши низомиёни саҳюнист ба Каронаи Бохтарӣ

Манобеи фаластинӣ бомдоди имрӯз (панҷшанбе) аз юриши низомиёни саҳюнист ба шаҳри Ҷанин дар Каронаи бохтарӣ ва шаҳодати ду фаластинӣ хабар доданд.

Ҳамалоти низомиёни саҳюнист тайи чанд моҳи ахир ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ, ба вижа Ҷанин ва Наблос ташдид шудаву тайи ин ҳамалот даҳҳо фаластинӣ ба шаҳодат расида ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Фаластиниён низ дар посух ба ҷиноёти саҳюнистҳо, амалиётҳои зиддисаҳюнистиро афзоиш додаанд.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбеи хабаргузории “Шаҳоб”, дар пайи юриши низомиёни саҳюнист ба Ҷанин дар Каронаи бохтарӣ, даргириҳое байни ин низомиён ва муборизони фаластинӣ ба вуқуъ пайваст.

Манобеи маҳаллӣ гуфтанд, низомиёни ишғолгар бо юриш ба атрофи урдӯгоҳи Ҷанин тактирандозҳои худро бар пушти боми манозили перомун мустақар кардаву барқи бахшҳое аз ин урдӯгоҳро қатъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурдонҳои Қудс - гурдони Ҷанин дар баёнияе аз ҳадаф қарор додани низомиёни ишғолгар, ки ба урдӯгоҳи Ҷанин юриш бурда буданд, хабар доданд.

 

Барчасп