Январ 23, 2023 19:39 Asia/Dushanbe
  • Боздошти 15 фаластинӣ дар Каронаи Бохтари юуриши дубораи шаҳракнишинон ба Масҷидулақсо
    Боздошти 15 фаластинӣ дар Каронаи Бохтари юуриши дубораи шаҳракнишинон ба Масҷидулақсо

Низомиёни режими саҳюнистӣ 15 шаҳрванди фаластиниро дар манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ руди Урдун боздошт карданд.

Низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист ҳар руз ба баҳонаҳои мухталиф мурдуми мазлуми Фаластинро ба шаҳодат расонда ва ё маҷруҳ ва боздошт мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Ал-Ақсо Вазорати асирони фаластинӣ эълом кард: Низомиёни режими саҳюнистӣ тайи шаби гузашта ва бомдоди имруз душанбе дар ҷараёни юриш ба чанд шаҳр ва минтақаҳои Каронаи Бохтарӣ ҳудуди 15 шаҳрванди фаластиниро боздошт карданд.

Дар ҳамин ҳол манобеъи фаластинӣ гузориш доданд теъдоди аз шаҳракнишинони саҳюнист бо ҳимояти неруҳои амниятии режими саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо юриш бурданд.

Шаҳракнишинони саҳюнист рузона ба Масҷидулақсо юриш мебаранд ин дар ҳоле аст, ки полиси режими саҳюнистӣ аз вуруди фаластиниён ба Масҷидулақсо мумонеъат ва иқдомоти сахтгирона зидди онҳо иттихоз мекунад саҳюнистҳо бо ташдиди таҷовузот ва таъарузоти худ ба Масҷидулақсо ба дунболи фароҳам кардани замина барои тақсими замонӣ ва маконии ин масҷид ҳастанд.

Барчасп