Январ 24, 2023 10:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос : Овора кардани сокинони Хон Аҳмар  поксозии нажодӣ аст

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) эълом кард овора кардани сокинони минтақаи Хон Аҳмар дар Қудси ишғолӣ дар ростои поксозии нажодии режими саҳюнистии зидди шаҳрвандони фаластинӣ сурат мегирад .

Раванди тахриби манозил ва рӯстоҳои фаластиниён тавассути режими саҳюнистӣ дар сояи кабинаи ҷадиди Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири ин режим ба далели интихоби як вазир аз ҳизби " Саҳюнизми динӣ " ташдид шудааст .
Ба гузориши рӯзи сешанбеи Маркази итилоърасонии Фаластин, Ҳозими Қосим- сухангӯи ҷумбиши Ҳамос гуфт таҳдиди душмани саҳюнистӣ ба овора кардани сокинони Хон Аҳмар ва кӯчондани соҳибони аслии ин сарзамин, сиёсати нажодпарастона аз сӯи кабинаи режими саҳюнистӣ ба манзури тавсеаи шаҳраксозӣ барои шаҳракнишинони саҳюнист аст .
Қосим таъкид кард эътирозоти мардуми аҳолии рӯстои Хон Аҳмар нишондиҳандаи ин аст, ки ин сарзамин мутаъаллиқ ба фаластиниҳост ва душмани саҳюнистӣ наметавонад сокинони онро берун кунад .
Гуфтанӣ аст аъзои порлумони режими саҳюнистӣ аз ҳизби Дикуд дар паи боздид аз рӯстои Хон Аҳмар дар Қудси шарқӣ бо ҳадафи эҷоди фишор бар кабинаи Натанёҳу ҷиҳати тахрибу тахлияи ин русто ҳастанд .
Режими саҳюнистӣ то кунун борҳо қасди тахриби ин рустои фаластининишинро доштааст ва мароҷеъи ба истилоҳ қазоии саҳюнистӣ низ ҳукми тахриби онро содир кардаанд, аммо пойдорӣ ва муқовимати фаластиниён то ин лаҳза иҷозаи тахриби ин русторо ба ишғолгарони саҳюнист надода аст .

 

Барчасп