Башшор Асад: Ҳадафи Ғарб наҷоти террористҳо дар Ҳалаб аст
(last modified Wed, 14 Dec 2016 12:09:07 GMT )
Декабр 14, 2016 17:09 Asia/Dushanbe
  • Башшор Асад: Ҳадафи Ғарб наҷоти террористҳо дар Ҳалаб аст

Раиси ҷумҳурии Сурия ҳамлаи гурӯҳи террористии ДИИШ ба шаҳри Тадмур дар вилояти Ҳимсро вокунише ба пешравии артиши ин кишвар дар Ҳалаб, шимоли ин кишвар донист.

Башшор Асад раиси ҷумҳурии Сурия дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Русия ал-явм аз сукути мақомҳо ва расонаҳои ғарбӣ дар баробари ҳамлаи террористҳо ба шаҳри бостонии Тадмур ва тасарруфи он, гуфт: Агар ин шаҳр ба кантроли неруҳои сурӣ медаромад ғарбиҳо дар бораи мероси таърихии шаҳр ва ғайринизомиён ибрози нигаронӣ мекарданд.

Башшор Асад бо ишора ба баёнияи ахири кишварҳои Олмон, Англия, Фаронса, Италия, Амрико ва Канада дар бораи лузуми оташбас дар Ҳалаб гуфт: Ҳадафи ин кишварҳо зарба задан ба пирӯзии артиши Сурия дар Ҳалаб буд.

Асад гуфт: Паёми ғарбиҳо ба таври хулоса он аст, ки артиши Сурия амалиёти худро мутаваққиф кунад, зеро онҳо мехоҳанд террористҳоро наҷот диҳанд.

Раиси ҷумҳурии Сурия афзуд: Ғарбиҳо ба таври зимнӣ аз Русия мехоҳанд то пешравии артиши Сурия зидди террористҳоро мутаваққиф кунад, зеро аз назари ғарбиҳо артиши Сурия дар шикаст додани террористҳо фаротар аз ончи ки бояд, амал карда аст.