Шаҳодати 35 фаластинӣ дар моҳи январ
(last modified Mon, 30 Jan 2023 13:58:58 GMT )
Январ 30, 2023 18:58 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 35 фаластинӣ дар моҳи январ
    Шаҳодати 35 фаластинӣ дар моҳи январ

Вазоради беҳдошти Фаластин эълом кард моҳи январ бо ба шаҳодат расидани 35 фаластинӣ хунинтарин моҳ дар Каронаи Бохтари ба шумор меравад.

Саҳюнистҳо барои дастёби ба аҳдофи тавсеъаталабонаи худ рузона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебрананд ва фаластиниёнро шаҳид, маҷруҳ ва ё равонаи зиндон мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Мубошир, Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард моҳи янва бо ба шаҳодат расидани 35 нафар аз ҷумла 8 кудак ба зарби гулулаи низомиёни ишғолгар ва шаҳракнишинон аз соли 2015 хунинтарин моҳ дар Каронаи Бохтари руди Урдун ба шумор меравад.

Вазорати беҳдошти Фаластин афзуд: Низомиёни режими саҳюнистӣ бештар фаластиниёнро аз ноҳияи сар ҳадафи тирандози қарор доданд.

Ба гуфтаи Вазорати беҳдошти Фаластин аз оғози соли ҷорӣ 20 нафар дар устони Ҷанин ба шаҳодат расиданд ва бештарини омори шуҳадо дар ин устон ба сабт расида аст.

Ҳуқуқи мардуми мазлуми Фаластин беш аз 70 сол аст, ки зери чакмаҳои режими ишғолгари саҳюнистӣ поймол мешавад ин режим дар ин муддат ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро зидди фаластиниҳо муртакиб шуда аст.