Гузориш : лаҳазоти пуризтироб дар манотиқи зилзилазадаи Туркия
(last modified Tue, 07 Feb 2023 07:25:23 GMT )
Феврал 07, 2023 12:25 Asia/Dushanbe

Ба гузориши хабарнигори Садо ва Симо аз Анқара, мардум дар манотиқи зилзилазадаи Туркия лаҳазоти пуризтиробиро сипарӣ мекунанд .

Пасларзаҳои мудовим кори оворбурдориро барои наҷоти эҳтимолии афроди зери овор монда душвор кардааст .
Гарчи шумори ҷонбохтагон ҳар лаҳза афзоиш меёбад, аммо бо наҷоти беш аз ҳафт ҳазор нафар умедҳо барои пайдо кардани афроди зинда бештар шудааст . Омори қурбониёни зилзилаи Туркия ба 2379 тан расидааст ва 14 ҳазору 483 нафар низ то кунун маҷрӯҳ шудаанд.