Феврал 07, 2023 17:32 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи Туркия ба беш аз 3 ҳазор нафар
    Афзоиши теъдоди ҷонбохтагони заминларзаи Туркия ба беш аз 3 ҳазор нафар

Муъовини аввали раиси Ҷумуҳрии Туркия теъдоди ҷонбохтагони зилзилаи саҳаргоҳи дируз дар мантақаҳои ҷанубии ин кишварро 3419 нафар эълом кард ва идомаи талош барои наҷоти масдумони зери овор хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Фувод Уктой муъовини раиси Ҷумҳурии Туркия теъдоди маҷруҳони ҳодисаи заминларзаи ин кишварро низ бистҳазору 534 нафар эълом кард ва афзуд: То кунун беш аз 8000 нафар низ аз зери овор наҷот наёфтанд.

Фувод Уктоӣ аз мамнуъ шудани вуруди василаҳои нақлиёти ба ҷуз мошинҳои имдодрасони ба шаҳрҳои Қаҳрамон Морош ва Одиёмон ба муддати 48 соат хабар доду гуфт: То кунун беш аз 380 ҳазор зилзилазада ҳамроҳ бо таъмини тағзияи ройгон дар хобгоҳои марбут ба Вазорати омузиши миллӣ ва Вазорати варзиш ва ҷавонони Туркия искон дода шуданд.

Уктоӣ аз эъзоми 500 дастгоҳ ҷарсақил, 26 фарванд чаръбол, 6 фарванд ҳавопаймои имдоди, 6 фарванд ҳавопаймои бори ва чаҳор ҳавопаймои сухтрасони ба минтақаҳои зилзилазадаи Туркия хабар доду гуфт: Ин таҷҳизот бештар дар минтақаҳои зилзилазадаи устонҳои Ҳотои, Ойёмон ва Қаҳрамон Морош ба унвони конуни буҳрони зилзила ба коргири шуда аст.

Дар пайи зилзилаи маҳиби Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси Ҷумҳурии Туркия як ҳафта аъзои умумӣ дар ин кишвар эълом кард ва бисёри аз сарони кишварҳои ҷаҳон дар паёмҳои бо давлат ва миллатҳои Туркия ва Сурия ибрози ҳамдарди ва ҳамбастагӣ карданд.

Барчасп